Афзалшоҳи Шодӣ: Дар Олмон таронаи ғарибӣ месароям

Бадбахтона дар Тоҷикистони мо баъзе одамони бефарҳанге ҳастанд, ки даҳонашонро баста намешавад. Дар фалон ҷо фалон кас мурдааст гуфта, аз мурданӣ каси дигар хурсанд мешаванд ва бузургонро бе аҷал мекушанд. Фарҳанги паст, ки доранд, ҳар чизе, ки аз даҳонашон барояд, бе ибо гуфтан мегиранд

Мусоҳибаи телефонии хабарнигори сомонаи oila.tj бо ин ҳунарманди маҳбуби тоҷик аз бемористони Олмон.

 -Рӯзатон ба хайр бошад!

-Рӯзи шумо ҳам ба хайр!

-Дар Тоҷикистон бисёр воҳима аст, ки шумо сахт бемор ҳастед. Мардум, мухлисонатон бисёр хавотир шудаанд…

 -Бадбахтона дар Тоҷикистони мо баъзе одамони бефарҳанге ҳастанд, ки даҳонашонро баста намешавад. Дар фалон ҷо фалон кас мурдааст гуфта, аз мурданӣ каси дигар хурсанд мешаванд ва бузургонро бе аҷал мекушанд. Фарҳанги паст, ки доранд, ҳар чизе, ки аз даҳонашон барояд, бе ибо гуфтан мегиранд…

-Асабӣ нашавед, ин овозаҳо кироӣ асабонияти шумо надоранд. Беҳтараш бигӯед, ки чи ҳол доред? Саломатиатон беҳтар шуд?

-Андаке бемор будам, аз ҳамин хотир ба Олмон ба табобат омадам. Рӯзи 8-уми май табибони олмонӣ маро ҷарроҳӣ карданд. Ҷарроҳӣ олиҷаноб гузашт. Худоро шукр, айни замон ҳолам беҳтар шудааст. Имрӯз аз бемористон мурахассӣ шудам. Тахминан 15 рӯзи дигар табобати амбулаторӣ-хонагӣ гирифта, баъд ба Ватан бар мегардам.

 -Махфӣ набошад, мегуфтед, ки чи ҷарроҳӣ шудед?

-Ҷарроҳии рӯда.

-Магар имкони дар Тоҷикистон табобат кардан набуд?

-Ман ташхисҳоро дар Ватан гузаштам, вале мутаасифона таҷҳизотҳое, ки барои табобати ин беморӣ заруранд, дар кишвари мо нестанд.

 -Аз наздиконатон касе ҳаст, ки шуморо он ҷо нигоҳубин кунад?

-Бале, ҳамсар ва духтарам Барноҷон бо ман ҳастанд. Имрӯз Барноҷон зодрӯз дорад.

-Муборак бошад! Вақте ки ба Тоҷикистон баргаштед, авввалин коре, ки мекунед, чи хоҳад буд?

 -Ҳамин ки тайёра дар фурудгоҳи Душанбе фуруд омад, ба зону зада, хоки Ватанро бӯса мекунам.

–Нақшаҳои эҷодӣ надоред?

 -Албатта ҳаст. Ба бемориам нигоҳ накарда ман дар ин ҷо чанд суруди ғарибӣ эҷод намудам, ҳамин ки ба Ватан расидам, аз паси сабти ин таронаҳо мешавам.

 -Дар он ҷо бо аҳли ҳунар ягон иртибот гирифтед ё не?

-Сарояндаҳои машҳури Русия, ки ба шаҳри Дюсердод ба сафари ҳунарӣ омадаанд, ҳамчунин овозхонҳои афғону эронӣ дар ин ҷо будани маро фаҳмида, ба аёдатам омаданд. Аз Голландия, аз сафорати Белгия Эркин Раҳматуллоев, аз Шведсария, аз сафорати Фаронса маро хабаргирӣ омад.

-Аз сафорати Олмон чӣ?

-Аз Берлин занг зада, аҳволпурсӣ карданд. Як намояндаашон Фатҳулло омада маро хабар гирифт.

-Бачаҳои тоҷик ба аёдататон нарафтанд?

-Меоянд, зиёд меоянд. Имрӯз ҷиянам, ки ҳамроҳи шавҳараш дар ин ҷо зиндагӣ мекунад, ҳамроҳи фарзандонаш ба аёдати банда омад. Хурсанд шудам аз дидорашон.

 -Ташаккур барои суҳбати самимӣ. Ба шумо шифои комил хоҳонем. Зудтар ба Ватан баргардед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *