Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Афзоиши ВИЧ/СПИД байни занон дар Суғду ҷинояткорӣ дар Бӯстон

Соли 2019 дар вилояти Суғд 163  зан бо вируси норасоии масъунияти одам (ВНМО) ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли 2018 15 ҳодиса зиёд мебошад.

Тавре Хуршеда Хоҷазода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи назди МИҲД-и вилояти Суғд гуфт: — “90 дарсади онҳоро занони аз 15 то 49-сола ташкил медиҳад, ки бисёр ташвишовар аст. Барои аз байн бурдан ин падидаи номатлуб, дар якҷоягӣ бо кормандони Раёсати тандурустӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пайваста кор карда истодаем”.

Шумораи фавт аз ин беморӣ дар вилоят соли 2019 76 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2018 23 нафар камтар мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Ҳабибулло Воҳидов, Прокурори вилояти Суғд дар як шурои ҳамоҳангсозӣ бо кормандони соҳаи тандурустӣ изҳори нигаронӣ карда буд, ки танҳо дар давоми моҳи январи соли 2019 шумораи беморони ВНМО нисбат ба як соли 2018 зиёд ба қайд гирифта шудааст.

“Давоми як моҳи январи соли 2019 нисбати 7 нафари мубталоёни ВНМО бо моддаи 125 Кодексия ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дидаву дониста таҳти хавфи сироят қарор додани одами дигар ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда буд. Соли 2018 ҳамагӣ нисбати 6-нафар ба моддаи зикршуда парванда оғоз шуда буд, аммо дар як моҳи соли 2019 ин шумора ба 7 адад расид”, — гуфта буд прокурори вилояти Суғд.

Ҳамчунин, соли 2019 дар шаҳри Бӯстон 256 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2018 51 адад зиёд аст. Ин нуктаро Раъно Ҳошимзода, раиси шаҳри Бӯстон 28 январ зимни нишасти хабарӣ ироа кард.

Ба гуфтаи раиси шаҳри Бӯстон (пештара Чкаловск) дар шаҳр ҳодисаҳои ҷинояткорӣ афзудааст ва ҷинояти дуздӣ бештар дар бозори «Атуш» ва «Сомон» содир шудааст. Наздик ва калон будани бозорҳои  «Атуш» ва «Сомон», инчунин зиёд будани рафтуо дар ин бозор бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Қирғизистону Ӯзбекистон  низ сабаби зиёд рух додани ҳодисаи дуздӣ дар шаҳр мешавад.

“Масалан, ду зан, ки яке сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва дуюмӣ шаҳрванди  Қирғистон аст,  40 ҷинояти дуздиро  содир кардаанд. Ҷинояти ин ду зан ба гуфти мардум “дуздии як ба як” — ро мемонад, ки ҳарду ҷиноятро дар як бозор баробар содир кардаанд. Вақте як нафар зан дар як муддати кутоҳ 20 ҷиноят содир мекунад, табиист, ки ҷинояткорӣ зиёд мешавад”, — афзуд Ҳошимзода.

Фарзона Муродӣ

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.