Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Афзудани нархи чиптаҳо

Болоравии нархи чиптаи ҳавопаймо дар самти Тоҷикистон-Русия, ки аз 2 ҳазор сомонӣ ба якбора то 3 ҳазор сомонӣ расид, ҳукумати кишварро нигарон кардаст.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон, Шералӣ Ганҷалзода имрӯз, гуфт,ки ҳукумати кишвар барои муътадил нигоҳ доштани нархи чиптаҳои ҳавопаймо дастур додаст. Ба гуфтаи Ш Ганҷалзода айни замон барои ҳалли ин масъала комиссияи байниидоравӣ ташкил шуда, масъулин якҷоя бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ нархномаи чиптаҳоро баррасӣ карда меброянд.

Инчунин Ганҷалзода болоравии нархи чиптаи ҳавопайморо мавсимӣ хонда, афзуд, ки он ба зудӣ поин хоҳад рафт.

Ёдовар мешавем,ки нархи чиптаи ҳавопаймо дар хатсайрҳои Тоҷикистон-Русия, ки камтар аз 2 ҳазор сомонӣ буд, тули  ҳафтаҳои охир аз марзи 3 ҳазор сомонӣ боло рафтааст.

 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.