Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Агар ҳоло мансабдор мебудам…

Латофат Насриддинова, собиқ раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро замоне бисёриҳо ба хотири нутқҳои пурҷӯшу хурӯшаш дар ҷаласаҳои сатҳи олӣ, ба хотири кору пайкораш барои барқарории сохти конститусионӣ ва барои ҷидду ҷаҳдаш дар сохтмони Тоҷикистони навин хуб дар ёд доранд.

Феълан ин зани рӯзгордида дар остонаи синни мубораки камолот қарор дорад. Умре, ки лоиқи омўзиш дар мактаби инсондӯстию ватанпарастӣ мебошад…

Дар зер суҳбати ин бонуи нурониро бароятон пешкаш мекунем, ки дар арафаи ҷашни навбатии мавлудашон сабт гардидааст.

-Қаблан, шуморо бо фарорасии мавлудатон табрик мегўям. Бигӯед, ки аз ҳама мавлуди хотирмонтарини шумо кадом сол ва дар кадом шароит баргузор шуд?

-Вақто ки ман дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси раис фаъолият мекардам, барои иштирок дар як конфронс ба шаҳри Женеваи Шветсария сафар доштам. Дар ин сафар маро ду нафар — Вилоят Мирзоева ва Алла Қуватова ҳамроҳӣ мекард.

Тайёра шаби 16- уми январ парвоз карда буд ва мо ҳама дар курсиҳо хоб рафта будем. Як вақт рӯи сарам садои бо ҳам задани қадаҳҳо баланд шуду чашм кушодам, ки ҳамсафаронам бо табассуму хушҳолӣ: “Мавлудат муборак, мавлудат муборак”- мегуфтанд.

Мо ҳанӯз дар фазо, дар баландии 10000 метр парвоз доштем ва субҳ нав медамид. Бо он ки ҳанӯз хоболуд будам, қалбам лабрези эҳсоси шодӣ гардид. Мусофирони дигари тайёра, ки аз миллатҳои гуногун буданд, бо кафкӯбӣ ба табрики дӯстонам ҳамроҳӣ карданд. Фикр мекунам, ин саҳифае аз дафтари хушбахтиҳои қисмати ман буд.

-Мо аз рӯзгори пурталотуми шумо огаҳӣ дорем, ки чандин мансабҳои баландро паси сар кардаед. Бигӯед, ки мансаб метавонад ба тағйир ёфтани хислати инсон сабаб гардад?

-Тағйир ёфтани ахлоқи инсон баъди гирифтани мансаби баланд, марбут ба он аст, ки ӯ бо кадом роҳ курсиро соҳиб шудааст. Агар соҳибмансаб аз ҷиҳати касбият мутахассиси хуб бошад ва бо талошу заҳматаш зина ба зина боло рафта бошад, ӯ метавонад бехтарин роҳбар шавад. Ба мисли волидайне, ки ба ҳар як аъзои оилааш меҳр бахшида, як оилаи бузургро идора мекунад. Чунин шахс новобаста ба мақоми ишғолкардааш, дар муносибат ба зердастон, ҳамкорон ва дӯстон як шахси меҳрубону заминӣ ва инчунин фарзанди содиқ ба Ватану миллаташ боқӣ мемонад. Вале агар соҳибмансаб бо истифода аз “воситаҳо” ва ҷаҳиш аз “Трамплини сарпарастонаш” соҳиби мансаб шуда бошад, ӯ танҳо метавонад нақши роҳбарро бибозаду халос. Ӯ бо ифтихор аз курсию мансабаш метавонад худписанду бовиқор шавад. Чунин роҳбар ҳеҷ гоҳ дар фикри кор буда наметавонад….

-Қариб даҳ сол шумо роҳбари Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ будед. Бигӯед, ки барои шумо кадом хислати зани тоҷик мақбул асту кадомаш не?

-Бояд иқрор шавам, ки на танҳо зани тоҷик, балки занҳои дунё аз бисёр ҷиҳат шабеҳи ҳаманд: сабурӣ дар сахтиҳои зиндагӣ, меҳрубон будан ба фарзандону наздиконашон, сулҳдӯсту ватанпарвар будан, вале ҳамзамон ҳеҷ гоҳ набахшидани хиёнати шавҳар ва ё дӯстписарашон.

Ман бештар занҳоеро меписандам, ки иродаи мардона доранду дар сахтиҳо шикастнопазиранд, дӯсти хуб ва ҳамсуҳбати хуб бошад ва дар шунидани розу дарди ниёзмандон сабур бошад, сирре, ки ба ӯ итминон карда гуфтанд, маҳфуз дорад. Ман ба хислатҳои нотавонбинӣ, бахилӣ, дурўғгӯӣ ва ғайбат нафрат дорам, аз назари ман ин беморист.

-Тавре медонем, замоне, ки ҳанӯз дар кишвар силоҳбадастон амал мекарданд, шумо тасмим гирифтед, ки хатнасури дастаҷамъонаи кӯдакони бепарасторро баргузор намоед. Оё ин супоришӣ буд ва ё бо ташаббуси худ аз паи ин иқдом шудед?

-Не, ин супоришӣ набуд. Ин як навъ дилбардорӣ ба оилаҳои дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ сахтикашида буд. Занҳои дар ҷанги шаҳрвандӣ азизони дилашонро аз даст дода, он рӯзҳо аз зиндагӣ хеле дилшикастаю ноумед гардида буданд. Фикр мекарданд, ки ин мушкилиҳои зиндагӣ якумр онҳоро тарк намекунад, касе ба ёди дастгирии онҳо гӯё нест. Ин тасмими мо буд, ки як зарра дили занҳои бесарбонмондаро ба зиндагӣ гарм кунем. Вақто ки мо ба ятимбачаҳо сарулибоси нав пӯшонида, онҳоро сари мизи пурнозу неъмат шинонида, базм меоростем, лабханди гумшудаи модарон ва ятимбачаҳо бори дигар бар чеҳраи онҳо бармегашт… Онҳо ҳисси танҳоию заифиро аз худ дур менамуданд ва ба давом доштани зиндагӣ ва ояндаи хуби Ватанамон умед мебастанд.

-Роҳбарии шумо ҳанӯз дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз гардида буд. Тафовут байни роҳбарии замони Иттиҳоди Шӯравӣ ва имруз чӣ гуна аст?

-Барои роҳбаре, ки масъулият ҳис мекунаду макони корашро хонаи дуюми худ меҳисобад, давру замон фарқе надорад. Аммо фарқияти асосиро дар ду сохтори давлатдорӣ дар он мебинам, ки дар даври Иттиҳоди Шӯравӣ коргар хоҳ роҳбар мебуд, хоҳ коргари одӣ хизматаш кадр карда мешуд. Агар аз кор озод карда шавад ҳам, тақдирашро ба худаш хавола намекарданд, балки то ба нафақа баромадан ба кори муносиби дигаре таъмин менамуданд. Агар ба нафака гусел мекарданд, тантанавор бо гулдастаю туҳфаҳои хотиравӣ гусел мекарданд, то шахс аз коргоҳаш бо дили шод, бо эҳсоси эҳтирому кадр доштан равад. Ин корро ҳоло ҳам кардан мумкин аст, вале …

-Чун шумо ҳоло ҳам дорои қувваи корӣ доред, мехостем донем, ки агар сари ягон мансаб мебудед, фарз кардем, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, чӣ чизҳоро тағйир додан мехостед?

-Азизам, замонро ба қафо баргардонидан номумкин аст. Агар мешуд, ба иродаи худ боварӣ доштам, ки агар Сарвари давлатамон дар ҳар мансабе, ки лоиқ медонистанд, ман аз ҷиҳати кору садоқат рақобатпазир буданамро собит месохтам. Ман даҳ сол дар ин вазифа фаъолият кардам. Он замон кумита навтаъсис буду пеш аз ман ду нафар, ба муддати кӯтоҳ бо 4 коргари зердаст фаъолият карда буданду халос.

Кор дар кумита барои ман муҳим ва ин даргоҳ бароям азиз аст, зеро як қисмати зиндагиамро барои мутаҳиддию сарҷамъ кардани занҳо баъди носозгориҳои замони ҷанги шаҳрвандӣ бахшидаам. Бо дастгирии бевоситаи Президентамон, ки ҳамеша хайрхоҳи занону модаронанд, ин Кумитаро обод намуда, дар байни кумитаҳои занҳои давлатҳои дигар шуҳратёр гардонидем… Баъди ман, дар давоми 11 сол ҳафт нафар занҳои бо маълумоту ботаҷрибае ишғоли вазифаи раиси Кумитаи кор бо занон ва оиларо карданд, аммо байни онҳо 1-2 нафаре буданд, ки ҳанӯз омодагии иҷрои ин вазифаро надоштанд. Аз ин рӯ, дар байни мардум, алалхусус занҳо маъруфият надоштанду симои лидер буданашонро зоҳир карда натавонистанд…

-Шумо бар замми он, ки якумр дар корҳои роҳбарӣ будед, боз қалами хуби нависандагӣ доред. Онҳое, ки навиштаҳои шуморо хондаанд, мегӯянд, ки дар ин ҷода хеле муваффақ аст. Ин муваффақияти худро дар чӣ мебинед?

-Бале, ман аз даврони ҷавонӣ ба эҷод шақу рағбат доштам. Навиштани ҳикояву тарона ба ман ҳаловат мебахшад. Навиштаҳоям дар матбуоти даври гоҳ-гоҳе чоп мешаванд, вале ман барои шуҳрат пайдо кардан наменависам. Навиштаҳои ман бо ташвиқи дӯстонам Зулфия Атоӣ ва Меҳриниссо Бобобекова рӯйи чоп омаданд.

Соли 2000-ум китоби таронаю қиссаҳои сафариамро бо номи “Сиришки ишқ” ва “Гарде аз чархи гардун” чоп намудам. Баъдан, таҷрибаи тибби халқии гузаштагонамонро омӯхта, китобҳои “Ҳазор дармони дарди шумо ” ва “300 тавсияи ҷавон модан”-ро нашр кардам. Айни замон рӯи китоби қиссаҳои зиндагӣ ва дар як маврид китоби таронаҳои нав кор карда истодаам, ки агар умр даст диҳад, мехоҳам то охири ҳамин сол ба чоп супорам.

-Айни замон ба чӣ кор машғулед?

-Қатораи зиндагии ман ба сарзамини хазонрез расидааст, аз ин рӯ бештар вақтамро ба эҷод сарф мекунам. Ба ҷуз ин, 11 сол боз Ташкилоти ҷамъиятиеро бо номи “Зан ва Оила” сарварӣ мекунаму дар озмунҳо иштирок намуда, соҳиби грант мегардам.

Дар шаҳру ноҳияҳо, барои занҳои деҳот дар самти иҷтимоӣ ва касбомӯзӣ лоиҳаҳоро татбиқ менамоям. Аз натиҷаи корҳоям ҳам шарикони лоиҳа ҳам худам розиям, ки барои диёрам кореро анҷом медиҳам, ки боиси кумаку ёрии чанд хонавода мегардад…

-Ташаккур барои суҳбати самимӣ.

Суҳбатнигор

Олимаи АБДУСАТТОР

МАЪЛУМОТНОМА: Латофат Насриддинова 17 январи соли 1951 дар шаҳри Кӯлоб таввалуд шудааст. Соли 1968 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 ва соли 1973 Институти педагогии шаҳри Кӯлобро хатм кардааст. Баъди як муддат кор кардан дар институт, ба ноҳияи Муъминобод омад ва мудири боғча таъин шуд. Замони донишҷуӣ узви Ҳизби коммунист буд ва зимни фаъолият дар боғча ӯро ба кори ҳизбӣ ҷалб намуданд. Солҳои 1977-1979 дар риштаи сиёсатшиносии Мактаби ҳизбии шаҳри Тошканд таҳсил намуда, соли 1982 ӯро дар пленуми ҳизбӣ Котиби якуми Ҳизби коммунисти ноҳияи Муъминобод интихоб карданд. Дар замони соҳибистиқлолии кишвар даҳ сол раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ буд. Ҳоло роҳбари Ташкилоти “Зан ва Оила” мебошад.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.