“Агар сулҳ хоҳӣ ба ҷанг омода шав!”

Дар сурати таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти миллӣ ва истиқлолияти кишвар раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳақ дорад дар мамлакат ҳолати ҷангӣ эълон кунад.

Дар сурати таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти миллӣ ва истиқлолияти кишвар раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳақ дорад дар мамлакат ҳолати ҷангӣ эълон кунад.

Дар Қонун “Дар бораи ҳолати ҷангӣ”, ки барои аввалин бор имрӯз, 29 май дар парлумони Тоҷикистон ба тасвиб расид, таъкид шудааст, танҳо президент аз чунин ҳаққи истисноӣ бархурдор аст.

Бар асоси ин санади ҳуқуқӣ дар сурати эълон шудани ҳолати ҷангӣ дар Тоҷикистон Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагон билофосила дар нишасти якҷояи фавқулодда  бояд фармони президентро тасдиқ кунанд.

Эмомалӣ Собирзода, муовини якуми вазири мудофиа ва сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зимни шарҳи нукоти Қонун “Дар бораи ҳолати ҷангӣ” дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон гуфт, тибқи ин санад пас аз эълони ҳолати ҷангӣ фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ маҳдуд шуда ва баргузории ҳама гуна чорабиниҳои оммавӣ мамнӯъ мешавад.

Ҳамчунин, вуруд ё берун рафтани шаҳрвандон аз ҳудуди кишвар манъ шуда ва барои воситаҳои ахбори умум сензура ҷорӣ мегардад.

Иқтисод  ва фаъолияти корхонаҳои саноатии кишвар ба ҳолати ҷангӣ мутобиқ гардонда мешавад.

Зайниддин Сафаров, вакили Маҷлиси намояндагон, ки дар ҷараёни баррасии лоиҳаи Қонун “Дар бораи ҳолати ҷангӣ” суханронӣ мекард, гуфт, “умед аст ин қонун ҳеч гоҳ дар Тоҷикистон мавриди истифода қарор нахоҳад гирифт”.

Ин вакили парлумон зимни шарҳи зарурати қабули санади ҳуқуқии мазкур ба мақоли “Агар хостори сулҳ бошӣ ба ҷанг омода шав!” ишора карда ва гуфт, бо дарназардошти вазъи амниятӣ дар минатқа ва ҷаҳон ва хатари рӯзафзуни гурӯҳҳои террористу тундрав Ҳукумати Тоҷикистон барои қабули чунин қонун водор шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *