Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Акбар Ғуломов барои пешгирӣ аз коронавирус ним миллион сомонӣ ҷудо кард

Корхонаи «Хуаксин Ғаюр Семент», ки марбут ба соҳибкори муваффақ Акбар Ғуломов мебошад, барои пешгирии ва паҳнашудани COVID-19 ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон 500 000 сомонӣ ҷудо намуд. Дар ин бора Гурӯҳи корхонаҳои «Ғаюр» хабар доданд.

«Мо, аз ҷумла дар тамоми ширкатҳои Гурӯҳи корхонаҳои «Ғаюр», барои амалисозии чорабиниҳои маҷмаавии профилактикӣ ва санитарию гигиении қабулшуда кӯшиш ба харҷ медиҳем. Қисми муҳими фаъолияти корхонаҳои мо, ки «Хуаксин Ғаюр Семент» ба шумори онҳо мансуб аст, принсипҳои масъулияти иҷтимоии корпоративӣ мебошанд. Барои амалигардонии ҳамин принсипҳо, мо фонди хайриявии “Ман Тоҷикистонро дӯст медорам!»-ро ташкил додаем, ки лоиҳаҳоеро, чун сохтмони мактабу кӯдакистонҳо, роҳҳову пулҳо маблағгузорӣ менамояд.Мо ҳамеша кӯшиш менамоем, ки дар рушди мамлакат ва беҳбудии ҷомеа саҳмгузор бошем»,- иброз доштанд дар Гурӯҳи корхонаҳои «Ғаюр». Акбар Ғуломов писари марҳум Асадулло Ғуломов, собиқ муовини Саварзири Тоҷикистон мебошад. Ҳоло Акбар Ғуломов яке аз соҳибкорони муваффақи кишвар маҳсуб ёфта, солҳои охир тавонист, ки фаъолияти корхонаашро дар қаламрави Тоҷикистон васеъ намояд. Аз ҷумла чанд сол пеш намояндагии корхонаи «Ғаюр Семент» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолият оғоз кард.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.