Акбари Турсон — олими сол эълон шуд

Имрӯз, 25 январ муҳаррири ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Одил Нозир ба академик Акбари Турсон дипломи “Олими сол — 2019” — ро эъто кард.

Акбари Турсонро хонандагони ҳафтаномаи “Тоҷикистон” зимни як назарпурсӣ олими баргузидаи соли 2019 эътироф ва интихоб намуданд.

Бояд гуфт, ки номи академик Акбари Турсон дар соли 2019 ба муносиати 80-солагиаш дубора дар сархати расонаҳо қарор гирифт. Мусоҳибаҳои ошкоро ва андешаҳои олим дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ хонандаи зиёд пайдо кард. Бисёре аз респондентони “Тоҷикистон” қайд карданд, ки андешаҳои Акбари Турсон фазои тира ва пурмушкили илми тоҷикро инъикос кард ва намунаи олии равшанфикр ва зиёии тоҷик будани устодро собит намуд.

Рисолаҳои ахири Акбари Турсон дар бораи нақши Аҳмади Дониш дар таъриху фарҳанги тоҷик ва муносибати дини ислом ба Наврӯз низ аз ҷониби аҳли илм хуб пазируфта шуд ва дар даҳҳо маҷаллаҳои дохилу хориҷ ба табъ расиданд.

ЗИНДАГИНОМАИ АКАДЕМИК АКБАРИ ТУРСОН

Акбари Турсон соли 1961 донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин буда, солҳои 1961–1963 ходими хурди илмии Шӯъбаи физикаю математикаи АИ ҶШС Тоҷикистон, 1963–1967 аспиранти шӯъбаи номбурда, 1969– 1979 ходими калони илмии Институти фалсафаи АИ ҶШС Тоҷикистон, 1979–1986 ҷонишини сармуҳаррири Энсиклопедияи Советии тоҷик буд.

Директор ва мудири шӯъбаи таърихи тамаддуни Осиёи Марказии Институти шарқшиносии АИ Тоҷикистон (1986-1992), муовини директори Институти иқтисодии ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалии АИ Тоҷикистон (1993-1994). Муҳаққиқи даъватшудаи Маркази таҳқиқоти Шарқи Миёнаи Донишгоҳи Пенсилван (Филаделфия, ИМА, 1994-1998). Солҳои 1987–1990 дар кафедраи фалсафаи фарҳанги Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко ба ҳайси профессори кафедра кор кардааст.

Аз соли 1966 то давраи пошхӯрии Иттифоқи Шӯравӣ узви Иттифоқи журналистони ИҶШС буд. Корманди калони илмии Маркази зистшиносии Осиёи Марказии донишгоҳи Пенсилван (1998-2010). Директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон (2011-2015). Аз апрели соли 2015 ба нафақа баромадааст.

УФУҚҲОИ ИЛМ

Акбари Турсон муаллифи зиёда аз 300 мақола ва асарҳои илмӣ, илмию оммавӣ ва публисистӣ мебошад. Дар таълифотҳои худ масъалаҳои фалсафии улуми табиатшиносӣ, ҷиҳатҳои иҷтимоӣ, гносеологӣ ва аксиологии илм, проблемаи инсон ва кайҳонро мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор додааст. Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: фалсафа, шарқшиносӣ, фарҳангшиносӣ.

Ӯ муаллифи бобҳо ва фаслҳои ҷудогонаи як қисм асарҳои АИ ИҶШС, аз ҷумла «Проблемаҳои фалсафа ва методологияи табиатшиносии муосир» (1973), «Проблемаҳои таърих ва методологияи маърифати илмӣ» (1974), «Ҷиҳатҳои методологии тадқиқи биосфера» (1975), «Бунёди фалсафаи фанҳои табиатшиносӣ» (1976), «Проблемаҳои фалсафии астрономия» (1976), «Принсипи симметрия» (1978), «Астономия, методология, ҷаҳонбинӣ» (1979), «Назарияи физикӣ» (1980), «Ҷиҳатҳои иҷтимоӣ, гносеологӣ ва аксиологии илм» (1980), «Фалсафа, табиатшиносӣ ва замони ҳозира» (1981), «Диалектика дар илмҳои табиат ва инсон» (1983) мебошад. Як қатор китобу мақолаҳои вай бо забонҳои хориҷӣ тарҷума ва нашр шудаанд.

Маърӯза ва гузоришҳояш дар осори конгрессҳои 4, 5 ва 7-уми байналмилалӣ оид ба мантиқ, методология ва фалсафаи илм (Бухарест (1971), Лондон-Онтарио (1975), Залсбург (1983), Конгресси 13- уми байналхалқӣ оид ба таърихи илм (Москва, 1971), Конгресси 16-уми умумиҷаҳонии файласуфҳо (Дюсселдорф, 1978), Маҷлисҳои 2-юм ва 3- юми умумииттифоқӣ оид ба масъалаҳои фалсафии табиатшиносӣ (Москва, 1970; 1980) дарҷ шудаанд. Бо ифтихорномаи фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *