Акмали 7 сола аз 8-ум ошиёна афтиду мурд

Дирӯз, тақрибан соатҳои 11-45 аз ошиёнаи 8-уми бинои 9 ошиёна, ки воқеъ дар маҳалаи Испечак аст, афтидани писарчаи 7 сола, Акмал Сафаров тамоми сокинони ин маҳаларо нигарон намуд.

Сабаби аз ошиёнаи 8-ум афтидани писарча дар хомӯш гаштани сивет будааст. Барои дар торики ба ваҳм наафтиданаш писарбача маҷбур шудааст, ки то баргаштани падараш дар равшании  балкон ба берун нигоҳ кунад. Дар ҳамин ҳолат пойҳои писарбача канда шуда, сарозер ба замин афтида, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Ҷасади Акмалро худи ҳамон рӯз, соати 15-30 ба мазори воқеъ дар  маҳалаи Мехкалон буда, ба хок супориданд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

8 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *