Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Акси пирамарде, ки дар фейсбук «баҳсбарангез» шуд

 Инак ду рӯз боз акси пирамарди кӯлобие, ки барои аёдати писари маҳбусаш ба шӯъбаи боздоштгоҳи муввақатии ВКД омадааст, дар сомонаи иҷтимоии «Фейсбук» такони ҷиддӣ ва баҳси зиёдеро ба миён овардааст: Ин пирамард барои аёдати писари маҳбусаш, ки дар Боздоштгоҳи муввақатии ВКД маҳбус аст, омада буд.

Новобаста аз он ки ин пирамард хеле пиру нотавон шудаю болои он ранҷи роҳ кашидааст, рӯзаи моҳи Рамазонро медорад, яъне рӯзадор аст. Гармии тоқатфарсои ҳаво ранҷи ӯро даҳчанд намудаю нотавонаш кардааст. Лабонаш аз ташнагӣ хушк гардидаю, маҷоли роҳгардияш намондааст, ҳар боре, лаб ба сухан во мекунад, ғиҷирроси лабони хушкидааш ба гӯш мерасад… Аммо ӯ наметавонад, ки тӯшаи омоданамудаашро ба писараш расонад, чун ҳар боре, ки ба даричаи дарбон наздик мешавад, бо дидагони гирён ноумед мегардад… Ҳар боре, ки назди дарбон меравад, ба сари хам боз мегардад. Халтаи селофании тӯшаи роҳи овардаааш дар даст, нонҳое, ки кампираш бо оташи қалби сӯхтааш пӯхтааст, аз гармии ҳаво алакай хуш шуда истодаанд. Писари ӯ пушти девори ғафсу бетонии симхоршудаи нишастааш ифои ҷазо дорад. Чандин маротиба аст, ки пирамард бо дидаи гирён ва ҷони дар рамақ дошта назди дарбон меояд ва ба ҳазор умед лаб ба илтиҷо мекушояд: «Писарам…» Аммо барояш танҳо имконияти ҳамин як калима гап гуфтанро медиҳад, ҷавони дарбон. «Мумкин нест, мӯйсафед, намефаҳмӣ?! Пули косаро супор!,- сӯяш дод мезанад, дарбон. Вақте, ки дарбон бобати пули косе лаб кушод, пирамард, чизеро пайхас накард, аммо баъдан ба ӯ фаҳмониданд, ки косаҳои якдафъаина истифода мешударо бояд ба маблағи 10 сомонӣ харад, дар сурате, ки арзиши онҳо ҳамагӣ 2 сомонӣ аст. Барои тарбузи овардааш бошад , 10 сомони маблағ талаб кард, бо баҳонаи он ки «Тарбуз зиндониро шикамдард мекунад». Аммо бечора мӯйсафед ҳамагӣ 10 сомнӣ дорад, ки он ҳам барои роҳпулии дубора ба Кулоб баргаштанаш аст. Бо умеди он ки дар моҳи шарифи Рамазон ба дили ҷавони дарбон шӯълаи тараҳҳум бедор мегардад, ба сӯйи дарича меояд, аммо боз ҳамон аҳвол: «Писарам…» Дар ҷавоб: «пули косаро супор аввал»…

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.