Ғалаба муборак Зарина!

Рӯзи 28-уми феврали соли 2017 соати 12-и шаб даври дуюми озмуни “Ягона аз даҳгона” ҷамъбаст шуд.

Хонандагони азиз! Тавре огаҳи доред ду моҳ қабл сомонаи “Tajikistantimes.tj” барои муаян намудани рейтинги ровиёни машҳури телевизион ва радио озмуни “Ягона аз даҳгона”-ро  эълон намуда буд. Чеҳраҳои намоёни телевизион ва радио Бахтовари Бобоҷон, Беҳруз Насриддинов, Дурахшони Ортиқ, Субҳон Ҷалилов, Заринаи Тағоймурод, Талабшо Муқимов, Фаридуни Хайруллозода, Файзалии Ниёз, Мубориз Усмонов ва Орзу Исоев дар ин даври озмун рақобати шадид доштанд. Интизор мерафт, ки дар ин давр Заринаи Тағоймурод ё ситораи ТВ “Синамо “ Талабшо Муқимов ғолибият ба даст меоранд, зеро ин ду ровӣ аз рӯзи аввали озмун пешсаф буда, баҳри ба даст овардани ҷоми ғолибият талоши зиёд меварзиданд. Ҷонибдорони Талабшо то охир кӯшиш намуданд, ки ғолибят насиби ровии дустдоштаашон гардад, вале мухлисони Заринаи Тағоймурод ба ин имкон надоданд. Ҳаводорони Заринабону шабро шабу рӯзро рӯз нагуфта ба ҷонибдории ин зебосанами шуху ширинсадо овоз медоданд. Шумораи лайкхои Заринабону бо дастгирии мухлисонаш ба 9748 расид ва ғолибият дар озмуни “Ягона аз дахгона” насиби ин зебосанам гашт. Ин озмун шӯҳрати  Заринаи Тағоймуродро боз ҳам болотар бурд, номи ӯро дар саросари кишвар вирди забони хурду калон гардонд.
              

Мо Заринабонуро бо ғолибият дар озмун  аз номи тамоми мухлисони сомонаи “Tajikistantimes.tj” табрик ва муборакбод гуфта,  дар кору фаъолаяташ ба ӯ барору комёбиҳои нав ба нав орзумандем.

Ёдрас мешавем, ки Талабшо Муқимов дар озмун 9288, Дурахшони Ортиқ 1342, Орзу Исоев 972, Бахтовар Бобоҷонов 897 Субҳони Ҷалил895, Мубориз Усмонов 848, Беҳрӯз Насриддинов 816, Файзалии Ниёз 664, Фаридуни Хайруллозода 653 овоз гирифтанд.  Тибқи ваъда санаи 10 уми марти соли ҷорӣ аз соати 10-00 то 12-00 ҳафтаномаи “Оила” ва сомонаи “Tajikistantimes.tj” бо ғолиби озмуни”Ягона аз даҳгона”  бонуи хушсадои ҶДММ  “Ориёно Медия” Заринаи Тағоймурод  “Гуфтугӯи мустақими телефонӣ” барпо менамояд. Дар ин рӯз Заринаи Тағоймурод тамоми сиру асрори ниҳонашро, ки то кунун ба касе нагуфтааст, мекушояд.
-Мехоҳед донед, ки чаро Зарина баъди ин озмун тарки радио намуд?

-Аз зиндагии пасипардагии Заринаи Тағоймурод огаҳ шудан мехоҳед?
-Заринаи Тағоймурод аз зиндагии имрӯзаи худ рози аст ё на?
-Ин ва дигар розҳои дили Заринаи Тағоймуродро донистан хоҳед саннаи 10-уми март ба идораи “Оила” меҳмон шавед.
Телефон барои тамос: 2-38-52-52, 2-38-53-35, 985-81-89-81

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

20 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *