Алан Бадоев: Ҷонибек Муродов гавҳари ноёб аст!

Алан Казбекович Бадоев, кинорежиссёр, клипмейкер ипродюсери украинӣ, ки чанде пеш бо Ҷонибек Муродов, сарояндаи раддаи авали попи тоҷик қарордод баст, дар саҳифаҳои шахсиаш дар сомонаҳои иҷтимоӣ навиштааст, ки Ҷонибек Муродов гавҳари ноёб дар саҳнаи эстрада буда, барояш ифтитоҳи ҳамкорӣ бо ин сарояндаи тоҷик боиси ифтихор аст.

Ҷонибек Муродов сарояндаи радаи авали эстрадаи тоҷик субҳи имрӯз дар сӯҳбат бо Tajikistantimes.com аз баста шудани қарордоди наваш бо клипмейкери машҳури украини Алам Бадоев хабар дода гуфт, ки клипи нахустинаш бо номи «Небеса» пагоҳ 23-юми сентябр дар ҳамаи шабакаҳои мусиқии Украина пахш карда мешавад.

Ҷонибек мегӯяд, ки аз ҷониби Алам Бадоев борҳо ба Ҷонибек пешниҳоди ҳамкории муштарак шуда буд, аммо ӯ танҳо ҳамин моҳ тасмим гирифт, ки бо ин продюсери машҳур дар сартосари Аврупо шартнома бандад:

« Пештар ҳам корҳоям зиёд буд ва ҳам таҷрибаи кориям дар сафарҳои хориҷа камтар. Ман бояд ҳамаҷиҳата омода мешудам, чун он ҷо ба қавли падари бузургворам на аз номи худ, балки аз номи як миллат баромад мекунию ҳунаратро нишон медиҳӣ».
Ин сарояндаи ҷавони тоҷик мегӯяд, ки қарордодаш бо режесёри украинӣ метавонад дар оянда дари бозе барояш ба сӯйи саҳнаҳои калони Ҳоливуд гардад:
« Шоу- бизнеси Украина хеле пешрафта аст ва аксари сарояндаҳои машҳури славянтабори Аврупо амсоли Сафия Ротару, Александр Серов ,Людмила Сенчина, Наташа Королева маҳз аз ҳамин мактаб сабақ омӯхта то ба саҳнаҳои бузурги ҷаҳонӣ баромадаанд. албатта қадамҳои нахустин шояд бароям душвор бошад, аммо бо кӯмаки Худованд ва дуои падару модар ва халқи азизам, иншоаллоҳ ин зинаҳоро тай хоҳам намуд».

Ҷонибек мегӯяд, ки шояд бархе нисбати тоҷикон на он қадар хушбин ҳастанд аммо санъати асил метавонад, ки сарҳадҳоро убур намуда, дилҳоро ба ҳам пайвандад ва муҳаббати ин ё он кишварро дар дили шахсе маҳз ба воситаи санъати асил метавон бедор намуд:
« Бубинед, ки даҳсолаҳо боз мардуми тоҷик орзуи дидани Ҳиндустонро доранд, ҳол он ки аз сиёсати дохилии ин мамлакат бехабаранд. Мардумро маҳз суруди сарояндаҳои ҳинд, филмҳои ҳиндӣ, ошиқи Ҳиндустон кардааст. Мо низ кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки бо санъати хеш халқеро ошиқи миллату давлати худ намоем, барои ин моро иродаи қави ва боварии комил нисбати хеш ва як каф дуои аз сидқи дил намудаи пирони барнодили диёр кифоя аст, ки қуллаҳои баландтаринро фатҳ намуда, номи Тоҷикистонро дар олам муаррифӣ намоем ва санъати тоҷикро ба оламиён шиносонем».

Ҷонибек мегӯяд, ки қарордоди ӯ бо режесери украинӣ дар он асос аст, ки сурудҳои ин сарояндаи тоҷик ҳамагӣ бо забони русӣ садо хоҳад дод. Ин ҳам дар ҳолест, ки пас аз даргириҳои Донбас дар Украина дар ин мамлакат русситезӣ дар ҳоли авҷ аст. Аммо новобаста аз ин ҳама то кунун сурудҳои сарояндаҳои дохилию хориҷии Украина бо забони русӣ садо дода, беҳтарин филму серёлҳои ин мамлакати славянӣ бо забони рӯси наворбардорӣ мешаванд.

Дар ҳамин ҳол бархе аз манобеъи мӯътамад ба Tajikistantimes.com гуфтанд, ки аз ин пештар якчанд ширкати продюсерии машҳури афғонию эронӣ ба Ҷонибек пешниҳоди бастани қарордоди ҳамкориро намудаанд, аммо ӯ рад намуда, гуфтааст, ки мехоҳад ба бозори шоу- бизнеси Аврупо на ба воситаи шоу- бизнеси форсизабонони Амрико, балки ба воситаи ашхоси аниқи доираи шоу- бизнеси Аврупо дохил шавад. Бад- ин минвол имсол ба Ҷонибек муяссар гардид, ки ба ин орзуи худ расида, гомҳои устуворро дар роҳи фатҳи Голивуди Аврупо занад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *