Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Алексей Навалний мухолифи асосии сиёсати Путинро заҳр доданд

Сиёсатмадори Русия, роҳбари асосии мухолифини сиёсати Путин  Алексей Навалнийро фавран бо иллати заҳролудшавӣ дар Омск бистарӣ намудан. Дар ин бора дар Твиттер котиби матбуотии сиёсатмадор Кира Ярмиш хабар медиҳад.

“Субҳи имрӯз Навалний аз Маскав ба Томск баргашт. Ҳангоми парвоз ӯ худро бад ҳис мекард ва ҳавопаймо фавран ба Омск фуруд омад.  Алексей заҳролуд шудааст. Ҳоло мо ба мошини ёрии таъҷилӣ ба бемористон меравем », – навиштааст Ярмиш.

«Як сол пеш, вақте ки Алексей дар боздоштгоҳ буд ӯро айнан ҳаминтавр заҳролуд карда буданд. Мо тахмин мекунем, ки Алексейро бо чизи ба чой омехта заҳролуд кардаанд. Ин ягона чизе буд, ки ӯ субҳ менӯшид. Табибон гуфтанд, ки токсин тавассути моеъи гарм зудтар ҷаббида шудааст. Акнун Алексей ҳушёр аст “илова кард Ярмиш.


Бояд қайд кард, ки Алексей Навалний худро рақиби асосии роҳбарияти Русия Владимир Путин мешуморад ва чандин сол мешавад, ки байнашон рақобати шадид идома дорад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.