Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Алимардонов   452009 сомонии нафақахӯронро ба кисса задаст

  Хазинадори маркази хизматрасонии филиали №53 БДА «Амонатбонк» дар ноҳияи Дӯстӣ, М. Алимардонов  дар давраи фаъолияти корияш ғайрқонунӣ маблағи нафақпулиро аз хазинаи бонк нисбат ба  талаботи аслии нафақа барзиёд гирифтааст.

Ӯ  бо ин роҳ дар ҳаҷми 452009 сомонӣ маблағро аз они худ намудааст ва онро барои  эҳтиёҷоти шахсии худ сарф кардааст.Ҳангоми тафтишот нисбати Алимардонов М парвандаи ҷинояти бо айбдории ӯ бо моддаҳои 245 қисми 4 банди «б» ва 340 қисми 2 банди «б» Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тасдиқи  фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шудааст.Ӯро ҷарима мекунанд ё ҳабс, суд муайян хоҳад кард.

 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.