“Алимент намесупорӣ, ҷазо мегирӣ!”

20 нафар падари саркаш дар шаҳри Хуҷанд бинобар насупоридани алимент ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд.

20 нафар падари саркаш дар шаҳри Хуҷанд бинобар насупоридани алимент ба  ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд.

Ба гуфтаи Мавҷуда  Шарифзода, раиси суди шаҳри Хуҷанд 20 нафар падаре, ки барқасдона ва дидаю дониста аз пардохти алимент барои фарзандони ноболиғашон саркашӣ кардаанд, мувофиқи моддаи 177 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Дар давоми се моҳи соли 2019 ба мақомоти суди шаҳри Хуҷанд 76 аризаи даъвогӣ оид ба рӯёнидани алимент ворид шудааст.

Мавҷуда  Шарифзода гуфт:  “Солҳои пеш барои як нафар фарзанд аз  80-сомонӣ  сар карда вобаста ба шароити иқтисодии мард ва  даромади моҳонаи ӯ  миқдори алимент муайян ва таъин карда мешуд. Вале ҳоло ин ҳолат каме дигар шудааст, яъне 200 сомонӣ алиментпулӣ барои як нафар фарзанд аст. Зеро ҳар қадар қонун сабукиҳо дод, ҳамон андоза сафи падарони саркаш аз алиментсупорӣ афзуд. Дар баъзе маврид баъди он ки нодуруст ва ҳатто ҷиноят будани ин амали худро дар рафти мурофиаи судӣ мефаҳманд, 5-6 моҳа алименти носупурдаашонро дар давоми як-ду соат пайдо карда месупоранд”.

1 соли ҳабс барои напардохтани 4800 сомонӣ

Шаҳрванд А. бо ҳалномаи суди шаҳри Хуҷанд  ӯҳдадор шудааст, ки барои таъминоти ду фарзанди ноболиғаш ҳар як фарзандаш ба миқдори 200 сомонӣ, яъне 400 сомонӣ алимент то синни балоғати онҳо  ба фоидаи ҳамсараш пардохт намояд.  Инчунин,  бо ҳалномаи суд аз ҳисоби шаҳрванд А. ба фоидаи ҳамсараш то синни сесолагии  фарзандаш ба маблағи 100 сомонӣ рӯёнида шудааст.

Мутаассифона, шаҳрванд А.  аз давраи бо ҳалномаи суд  ӯҳдадор гардиданаш то инҷониб бе ягон сабаби узрнок аз пардохти маблағи алимент ва иҷрои ҳалномаи суд барқасдона саркашӣ кардааст. Ӯ ҳамагӣ 600 сомонӣ алиментпулӣ супурда бо ҳамин роҳ бо баҳонаҳои гуногун аз пардохти он саркашӣ кардааст.

Аз моҳи марти соли 2018 то ба  ҳамин рӯз танҳо баҳона пеш оварда барои ду ноболиғаш 1 сомонӣ ҳам алимант насупурдааст.  Бо ин амали худ ба ҳамсараш, ки ду фарзанди ӯро  нигоҳубин мекунад,  дар умум 4800 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.

Дар натиҷа, бо ҳукми суд номбурда бо моддаи 177  қисми -1-и Кодекси Ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда,  ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 1 сол таъин шудааст. 

На пулаш даркору на худаш мегӯяд, аммо…

Дар баъзе маврид занҳое, ки бо фарзанд аз шавҳарашон ҷудо шудаанд дар аввал бо ибораи “ба пули ӯ зор нестам”, “фарзандамро худам калон мекунам”, “на пулаш даркору на худаш” ҳисси бадбинияшонро нисбат ба шавҳарашон иброз медоранд.

Аммо баъди он ки мешунаванд шавҳарашон оилаи дигар бунёд кардааст ба аризанависӣ ва даъво болои  ҳамсарашон сар мекунанд. 

Таҳлилҳо ва таҷрибаҳо нишон медиҳад, ки солҳои охир аксар падароне, ки аз додани алимент саркашӣ мекунанд, далелаш  шароити пасти зиндагӣ набуда, аксаран  даъво пеш меоранд, ки “занам,  ки ба ман  хиёнат кард ҷазояшро гирад” ва ҳатто шак меоранд, ки “фарзанде, ки онҳо алимент месупоранд эҳтимол аз  онҳо нест”.

Аз ин ҷост, ки соли гузашта  3303 нафар  барои муқаррар кардани падарӣ ба САҲШ-и вилоят ариза навиштаанд, ки бештарашон оилаҳои дуюм ва ҳатто сеюманд.

Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *