Қаллоб беш аз 500 ҳазор сомониро азхуд кард

Марди 38-солаи сокини кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар зарфи ду соли ахир аз шахсони мухталиф барои аз маҳбас озод кардани пайвандон ва амалҳои дигари қаллобӣ беш аз ним миллион сомонӣ ба даст овардааст.

Марди 38-солаи сокини кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани як қатор ҷиноятҳои қаллобӣ дастгир шуд.

Бино ба хабари сомонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ошкор шудааст, ки ин мард дар зарфи ду соли ахир аз шахсони мухталиф барои аз маҳбас озод кардани пайвандон ва амалҳои дигари қаллобӣ беш аз ним миллион сомонӣ ба даст овардааст.

Аз ҷумла, номбурда моҳи сентябри соли 2018 бо роҳи фиреб ба боварии зани 41-солаи сокини кӯчаи Шоҳтемур даромада, аз ӯ барои кам кардани мӯҳлати ҷазои шавҳараш 31000 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Ҳамчунин, вай моҳи апрели соли 2019 ба боварии марди 35-солаи сокини кӯчаи Фирдавсӣ даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи “Тайота-Кемри-5”-ро ба маблағи 210 000 сомонӣ нархгузорӣ намуда, гирифта, аз ин маблағ 45000-сомониашро дода, боқимонда 165000-сомониашро то ҳол барнагардонидааст.

Дар  ҳамин ҳол, кормандони милитсия дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ зани 40-солаи сокини шаҳри Бохтарро бо гумони қаллобӣ дастгир намуданд.

Ин зан рӯзи 13-уми августи соли 2018 бо роҳи фиреб ба боварии марди 47-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ даромада, аз ӯ барои тиҷорат 59 ҳазору 500-сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Нисбати мард ва зани қаллоб парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *