Ҳалокати 4 хонандаи мактаб дар Айнӣ

Нимаи дуюм рӯзи 23 феврал 4 хонандаи синфҳои 8,9 ва 10-и мактаби рақами 37 дар шаҳраки Зарафшон-2 (собиқ Сарвода-2)ҷамоати Зарафшони ноҳияи Айнӣ ҳангоми бозии хоккей дар рӯи ҳавзи обтозакунӣ бар асари шикастани яхи рӯи ҳавз ғарқ шуда, дар оби сард ҳалок шудаанд. Ҷанозаҳои ин 4 наврасро рӯзи 24 феврал ба хок супурданд. Ба гуфтаи шоҳидон, наврасон ҳар рӯз дар рӯи қабати яхбастаи ин ҳавз хоккей бозӣ мекарданд, вале рӯзи шанбе аз қазо ях шикаста, 4 нафар ба даруни оби сард афтодаанд.

Наврасони ҳалокшуда Пирматов Б. — хонандаи синфи 10, Сафаров ва Толибов — ҳарду хонандагони синфи 9 ваШамсиддинов — хонандаи синфи 8 ном бурда мешаванд. Сокинон мегӯянд, ки хонандагони мактаб ҳамеша дар рӯи ин ҳавз хоккей ва яхмолак бозӣ мекарданд, вале рӯзи шанбе аз қазо ях шикаста ва сабаби марги 4 наврас дар оби сард шудааст. Шамсиддинов аз деҳаи Махшеват, Сафаров аз ноҳия Мастчоҳ, Толибов ва Пирматов аз деҳаи Дар-Дар мебошанд, ки дар шаҳраки Зарафшон-2 зиндагонӣ мекунанд.Хонандагони ҳалокшуда сокинони маҳаллае мебошанд, ки дар соҳили рӯди Оби Канапо ҷойгир шудааст. Бештари сокинони ин маҳалларо чанд сол пеш дар пайи як сели харобиовар аз деҳаи Махшеват ба инҷо кӯчонда буданд.Ҳавзи обтозакуние, ки макони марги ин 4 наврас шуд, 6 метр чуқурӣ, 6 метр бар ва 30 метр дарозӣ доштааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *