Алоуддинов мақомоти тоҷикро ҳимоя кард

Элдар Аллоуддинов, муфтии шаҳри Маскав тасмими мақомоти тоҷикро, ки хутбаи никоҳ танҳо аз сӯи руҳониёни расмӣ хонда шавад, саривақтӣ хондааст. 

Аллоуддинов дар дар суҳбат бо “Sputnik” зарур хондааст, ки раванди издивоҷ бояд то ҷое мушкил шавад. Ӯ гуфтааст, бояд дар хотир дошт, ки оила чизи муқаддас ва муҳим буда, нисбати он бояд ҷиддӣ муносибат кард: “Дар назди муллое рафта, хутбаи никоҳ хонда, гӯё дар назди Худованд зану шавҳар шудан, нодуруст аст. Дар бораи он ки дар Тоҷикистон ба ҳама муллоҳо хондани хутбаи никоҳро иҷозат надодаанд, ман розиям. Ба фикри ман бояд ин равандро то ҷое мушкилтар кард».

Муфтии Маскав инчунин аз издивоҷи дуюм, сеюм ва ҳатто чоруми муҳоҷирон дар Русия зикр карда, таъкид намудааст, ки аксарашон бе огоҳии зани аввал ва худсарона сурат мегиранд: “Ин як бесарусомонист. Масъалаи аз ҷониби муҳоҷирон барпо кардани оила дар Маскав ташвишовар аст».

Ахиран масъулини Кумитаи дини Тоҷикистон эълон карданд, ки хостори манъи хондани ақди никоҳ аз тарафи рӯҳониёни ғайрирасмӣ мебошанд. Ин ниҳод пешниҳод кардааст, ки масъулияти бастани никоҳи шаръӣ пурра ба ихтиёри имом-хатибон гузошта шавад. Ин ниҳод тасмими мазкурро ба хотири ҷилавгирӣ аз никоҳи ноболиғон ва никоҳҳое, ки дар идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ) ба қайд гирифта нашудаанд роҳандозӣ кардаст. Кумитаи дин бо пешниҳоди тарҳе ба порлумон ва Додситонии кулл хостааст, ки барои риоя накардани ин тартиби бастани никоҳ ҷавобгарии ҷиноӣ ё ҳадди ақал ҷавобгарии маъмурӣ муайян карда шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *