Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Алвидоъ, COVID-19! Дар Тоҷикистон ягон ҳолати нав ба қайд гирифта нашуд

Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳамчунин гуфта шудааст, ки дар давоми 24 соати охир боз 5 нафар аз ин беморӣ шифо ёфтанд.

Бояд гуфт, ки аз 30-юми апрели соли 2020 то имрӯз дар кишвар 17 084 ҳолати COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора, 16953 нафар шифо ёфтанд. Омори фавт бошад, 124 нафарро ташкил медиҳад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.