Амалиёти “Тартибот” дар Душанбе

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо ҷалби кормандони милиса аз 17 шаҳру ноҳияи атрофи пойтахт, дар шаҳри Душанбе амалиёте зери унвони рамзии “Тартибот”-ро роҳандозӣ кардааст.

Ҳадафи ин амалиётро масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, дуруст ба роҳ мондани ҳаракати воситаҳои нақлиёт, ҳифзи амнияти шаҳрвандон ва тафтиши ҳуҷҷатҳои манзили зисти сокинон дар чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе арзёбӣ мекунанд. Ин амалиёт се моҳ баъди анҷоми бахши дуюми амалиёти санҷиши шиносномаву ҳуввияти сокинон бо номи “Нелегал-2016” роҳандозӣ мешавад, ки дар ҷараёни он ходимони пулис хона ба хона гашта, санадҳои шаҳрвандонро санҷиданд. Дар пайи бахши аввали ин амалиёт мақомот гуфтанд, ки аз беш аз 15 ҳазор хориҷӣ, ки мавриди санҷиш қарор гирифтанд, 285 нафарашон қоидаи будубош дар Тоҷикистонро вайрон карда, 50 тани онҳо аз кишвар ихроҷ шуданд.Дар робита бо амалиёти нави мақомоти тафтишотӣ, ки ҳамчунон хона ба хона сурат мегирад, Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтааст,ки  кормандони пулису нозирони роҳро дар ин амалиёт ҳамзамон бо таъсиси шаш гурӯҳи корӣ кормандони Кумитаҳои замину андоз, Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозӣ, Шабакаҳои барқӣ, Назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ, мақомоти прокуратура, Раёсати тандурустӣ, Вазорати нақлиёт, «Тоҷикматлубот», Шӯъбаҳои фарҳангу ҷавонон, савдо, экология, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҳамроҳӣ мекунанд. Ин гурӯҳи корӣ ба таври шабонарӯзӣ дар ҳудуди пойтахти Тоҷикистон кор карда, дар поёни ҳар ҳафта натиҷаи корашро хулоса мекунад. Рӯзона ва шомгоҳон хонаҳои мардум ва шабона муассисаҳои тафреҳиву тарабхонаҳо санҷида мешаванд. Ҳадаф аз таъсис ин гурӯҳ дар доираи амалиёти “Тартибот”-ро масъулон сабти қонуншиканиҳо ва ислоҳи онҳо унвон мекунанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *