Аминҷон: Мехоҳам вазири алоқа шавам

Донишҷӯйи тоҷик «Донишҷӯйи сол- 2016»-и Русия

Аминҷон Абдураҳимови тоҷик, донишҷӯйи Донишгоҳи телекоммуникатсияи шаҳри Санкт – Петербурги Федератсияи Россия  дар озмуни умумиҷумҳуриявии «Донишҷӯйи сол – 2016» яку якбора аз рӯйи ду номинатсия – «Эҷодкори сол» ва «Донишҷӯйи хориҷии сол -2016» ғолиб омад. 

Аминҷон  12 декабри 1994 дар шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловск)-и вилояти Суғд  таваллуд шуда, гимназияи шаҳрии рақами №1- ро хатм кардааст.

Аминҷон мегӯяд, ки интизор надошт, ки якбора аз рӯйи ду номинатсия ғолиб меояд, зеро ин сабқати бисёр ҷиддӣ ва сангин буд.

Барои баромадан ба даври финалӣ Аминҷонро лозим омад, ки марҳилаҳои аввали сабқатро бобарор пушти сар кунад.  Ибтидои моҳи майи соли 2016 дар даври аввали сабқат, ки дар донишгоҳе Аминҷон таҳсил мекунад гузашт ӯ дар номинатсияи «Таваҷҷуҳи тамошобин» ғолиб омад ва ба даври минтақавӣ, ки дар шаҳри Иваново баргузор гардид, роҳ ёфт.  Дар даври дуввум низ Аминҷон дар қатори 20 донишҷӯйи беҳтарин аз шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Қазон, Севастопол, Волгоград, Белград, Ставропол, Владивосток ва ғайра ба даври финалӣ роҳ ёфт.

Барномаи сабқат аз рӯйи се нишондод — варзишӣ, интелектуалӣ ва эҷодӣ баргузор гардид. Ибтидо иштирокчиёнро лозим омад, ки дар сабқатҳои варзишӣ худро бисанҷанд.

Ба гуфти Аминҷон барои ӯ аз ҳама душвор иҷро кардани озмоишҳои варзишӣ буд, зеро ба гуфти худаш ӯ инсони бештар фарҳангӣ аст, аммо барои ғолибият маҷбур шуд, ки душвориҳои варзишро ҳам пушти сар кунад.

Ҳамчунин, дар рафти чорабинӣ Аминҷонро тоҷикони муқими шаҳри Иваново ва дӯстонаш дастгирӣ карданд. Тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ рафти сабқат мустақиман пахш шуд, бинобоар ин пайвандони Аминҷон муваффақиятҳои ӯро тавонистанд пайгирӣ кунанд.

Дар Донишгоҳи давлатии телекоммуникатсияи шаҳри Санкт-Петербург ба номи профессор  М. А.  Бонч-Бруевич, ки Аминҷон он ҷо таҳсил мекунад, ӯро гарм пешвоз гирифтанд. Ҳамчунин, табрикоти раёсати донишгоҳ ба унвони ӯ дар сомонаи расмии донишгоҳ нашр шуд.

— Баъди бозгашт ба Санкт-Петербург, маро чун «Донишҷӯйи сол – 2016» ба озмуни «Беҳтарин намояндаи ҳамкории байнимиллатҳо (толерантность)» даъват карданд, — мегӯяд Аминҷон.

 «Ният дорам, ки дар донишгоҳ дар магистратура таҳсил намоям ва баъди хатми он ба Ватан баргашта, барои рушди технологияи муосир дар Тоҷикистон хидмат кунам», — қайд кард ӯ.

Аминҷон мегӯяд: «Бад аст, ки сарбоз орзуйи генералӣ накунад, бинобар ин дар оянда мехоҳам вазири алоқаи Тоҷикистон бошам».

Аминҷон донишҷӯйи соли чоруми факултаи радиотехнология ва алоқа мебошад. Ҳамчунин, ӯ узви Ассотсиатсияи донишҷӯёни хориҷӣ ва яке аз роҳбарони Иттифоқи умумирусиягии ҷавонони Санкт — Петербург аст.

Чӣ тавре ишора шуд, Аминҷон шахси фарҳангӣ аст. Вай дӯстдори мусиқӣ буда, раққоси хуб низ мебошад. Ӯ иштирокчии теле-шоуи «Танци» дар шабакаи ТНТ ва «Танцуй»-и шабакаи аввали телевизиони Россия мебошад.

О. НОЗИР

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *