Таҷлили Конститутсия дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат

Бахшида  ба 22-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  толори маҷлисгоҳи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон чамъомади тантанавӣ доир гардид.

Ҷамъомади тантанавиро муовини ректори донишкада оид ба таълим, дотсент Насимҷон  Ойев ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати 22-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — санади муқаддасу сарнавиштсоз, ифодагари азму иродаи мардуми  шарифи кишвар ва таҷассумгари орзую ормонҳои ҳазорсолаи ниёгонамон барои расидан ба давлатдории миллӣ  табрику таҳният гуфт.

Номбурда қайд намуд, ки қабули Конститутсия-ин санади муқаддас,  шоҳсутуни устуворию пойдории соҳибистиқлолии мамлакат  дар таърихи халқи тоҷик аз рӯйдодҳои арзишмандтарин ба ҳисоб меравад. Пос доштани ин арзиши муқаддас рисолати шаҳрвандии ҳар як сокини Тоҷикистон мебошад.

Дар идомаи ҷамъомад маърӯзачиён — профессори кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  Зайниддин Искандаров  ва сардори таъминоти ҳуқуқии донишкада, дотсент Холмаҳмад Ойев дар мавзӯъҳои «Адолат ва Конститутсия» ва «Конститутсия- пояи давлатдории миллӣ» маърўзаҳои арзишманд ироа намуданд.

Дар фароварди ҷамъомади тантанавӣ ҳунармандони дастаи ҳунарии «Соҳибкор»-и донишкада бо пешниҳоди сурудҳои мазмуни ватандӯстидошта хотири ҳозиринро шод гардониданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *