Амрико мехоҳад барои ҳимояи ҳуқуқҳои мардуми уйғур нисбати Чин таҳрим эълон намояд

Маҷлиси намояндагони ИМА  ба хотиири ҳимоят аз ҳуқуқи мардуми уйғур дар Чин, рӯзи 27 май бо раъйпурси тарҳи таҳримҳоро қабул кард, ки аз президент Доналд Трамп тақозо мекунад барои саркӯби уйғурҳои мусалмонтабор дар Чин нисбати Пекинро таҳрим эълон кунад.

Бояд гуфт, ки ин иқдоми навбатӣ дар равобити бе ин ҳам бадшудаи миёни Вашингтон ва Пекин мебошад. Тарҳи қонун, ки оғози моҳ дар Сенат ҳам пуштибонӣ дида буд, муҷозоти мақомоти баландпояи чинии дастдошта дар поймолкунии ҳуқуқи уйғурҳои мусалмонро пешбинӣ мекунад.

Раиси Маҷлиси намояндагон Ненси Пелосӣ гуфт, “амалҳои ваҳшиёнаи Пекин дар нисбати мардуми уйғур таҳқири виҷдони ҳамагонӣ дар ҷаҳон аст”. Тарҳе, ки бо пуштибонии 413-1 узви маҷлис қабул шуд, акнун ба Кохи Сафед меравад, то президент Доналд Трамп онро қабул ваё рад кунад. Трамп гуфт, ки ин масъаларо хеле ҷиддӣ баррасӣ мекунад. СММ ва дигар ташкилоти ҳомии ҳуқуқи инсон Чинро дар он муттаҳам мекунанд, ки тахминан 1 миллион уйғурҳои туркзабони Чинро дар вилояти Шинҷон бо баҳонаи муборизаи зидди ифротгароӣ ба қароргоҳҳои консентрасионӣ ҷой кардааст. Пекин ин иттиҳомро рад карда мегӯяд, ки ин мардум ба таври ихтиёрӣ ба урдугоҳҳои бозтарбия мераванд. Чин таҳдид кардааст, ки дар сурати ҳама амалҳое ба манфиати уйғурҳо ба ИМА посух хоҳад дод. Чин мегӯяд, масъалаи уйғурҳо умури дохилии он кишвар аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *