Амрикои бозингар, аз рақсидан боз монд?!

Залмай Халилзод, фиристодаи вижаи Амрико дар Афғонистон гуфт, фирори Ғанӣ аз Афғонистон гузариши сиёсӣ ва назорати Кобул аз ҷониби Толибонро* ноком кардааст.

Фиристодаи вижаи Амрико дар Афғонистон гуфт, қарори Ашраф Ғанӣ, ки дар мақоми президенти Афғонистон кор мекард ва ҳангоми ҳамлаи Толибон* аз кишвар фирор кард, тавофуқе, ки бо аъзои ин гурӯҳ ҳосил шуд, халалдор кард, хабар додааст, Sputnik Афғонистон.

Дар мусоҳиба бо Financial Times, Халилзод қайд кард, ки рафтани Ғанӣ «мунҷар ба шикасти лаҳзаи охири тавофуқнома барои интиқоли сиёсии қудрат бо Толибон* шуд».

Вай қайд кард, ки ИМА ҳатто ниҳоят бо Толибон* розӣ шуд, ки вориди Кобул нашаванд, аммо тасмими Ғанӣ дар бораи тарк кардани Афғонистон халои амниятиро ба вуҷуд овард ва Толибонро* маҷбур кард, ки худи ҳамон рӯз вориди Кобул шаванд ва дар натиҷа бесарусомонии хуруҷи низомиёну мулкиён ва қатъи музокироти Доҳа ба амал омад.

Номбурда гуфт, фирори Ғанӣ боис шуд, то Толибон* ду ҳафта пеш вориди Кобул шаванд.

Ба гуфт Халилзод: «Иёлоти Муттаҳида масъули ин пешомад нест, ки онҳо (ҳукумати Афғонистон ва Толибон*) аз музокирот ақибнишинӣ карданд».

Ӯ ҳамзамон гуфтааст, ки Вашингтон аз фирори Ашраф Ғанӣ хабар надошт.

«Толибон»* пас аз эълони ИМА дар бораи хуруҷи нирӯҳояш аз Афғонистон амалиёти густурдаеро барои ғасби қудрат дар Афғонистон оғоз карда, вилоятҳоро яке пайи дигар бо ҷангу бе ҷанг зери идораи худ қарор доданд .

15 август Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ истеъфо (ки дар ягон ҷо нашру пахш нагардидааст) дод ва аз ин кишвар фирор кард. «Толибон» бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд.

Ин гуфта басо нигаронкунанда аст, зеро чигуна метавон тули якуним соле, ки Толибон бо ҳукматдорони Афғонистон гуфтушунидҳо анҷом медоданд, Вошингтон хабаре надошт? Пас ФБР чи кор мекард? Ин ҳама бозиҳоро дар Афғонистон маҳз Амрико тарҳрезӣ карду пасон дум хода карда фирор кард. Вале имрӯз пас аз дарк кардани иштибоҳоти худ Амрико дорад, худсафекунӣ менамояд. То дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ обрӯи рехтаи худро бардорад. Аммо, дигар ки дер шуда…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *