АМРМТ: Аккредитатсия ҳамчун василаи маҳдудсозии озодии сухан истифода нашавад

Анҷумани миллии расонаҳои мустақил ва Шӯрои Васоити Ахбори Оммаи Тоҷикистон  зимни як баёния аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки аз аккредитатсия ё сабтиноми хабарнигорони хориҷӣ ҳамчун василаи маҳдуд кардани озодии сухан дар кишвар истифода накунанд.

Дар баёнияи ин ду созмони ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон, ки рӯзи 23 октябр мунташир гардид,  аз мушкили сабтиноми хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Вазорати корҳои хориҷӣ изҳори нигаронӣ шудааст.

Феълан 5 хабарнигори Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон аз шаш моҳ то ду сол боз аз ҳаққи кор маҳруманд ва якуми ноябр шояд охирин рӯзи кории 9 нафари дигар шавад.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба номаҳои пайваста дар бораи додани иҷозаи кор ба хабарнигорони Радиои Озодӣ посух надодааст.

Ин дар ҳолест, ба гуфтаи Анҷумани миллии расонаҳои мустақил ва Шӯрои Васоити Ахбори Оммаи Тоҷикистон ин вазорат вазифадор аст ба номаҳо дар муддати то як моҳ посух гӯяд.

“Мо наметавонем ба мушкили ҳамкорони худ аз Радиои Озодӣ бетараф бошем. Ҳамаи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд ва шароити пешомада дар масъалаи сабтином ҳуқуқи онҳоро барои кор ва маоши арзанда поймол мекунад”, — гуфта шудааст дар изҳорот.

Дар ҳафтаи гузашта  ду намояндаи Конгресси Амрико дар номае ба президенти Тоҷикистон гуфта буданд, “идома ёфтани чунин вазъият эҳтимол ба муносибатҳои Амрико ва Тоҷикистон осеб расонад ва ба обрӯи Тоҷикистон латма занад”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *