Амру қарорҳои президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 13 октябри соли 2016 №422
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи Директори генералии
Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия»
озод намудани Ҷобиров И.И.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ҷобиров Иброҳим Исмоилович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 13 октябри соли 2016 №423
ш. Душанбе

Дар бораи Директори генералии Корхонаи
воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия»
таъин намудани Ашуров Л.Б.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ашуров Лоиқ Бегиҷонович Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ойматов Қаҳор бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи муовини Сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе

 
13 октябри соли 2016
№АП-783

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ваколати Директори Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Носиров Исроил Бобоевич бо сабаби вафоташ қатъгардида шуморида шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
13 октябри соли 2016
№АП-784

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳиддиниён Пулод Муҳиддин Директори Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
13 октябри соли 2016
№АП-785

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Комилиён Файзалӣ Саъдулло муовини Раиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттетатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
13 октябри соли 2016
№АП-786

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *