Андӯҳи Президент аз фоҷеаи Нитса

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо пахши як изҳорот ҳамлаҳои террористии Фаронсаро, ки ҷони 84 нафарро гирифтааст, шадидан сахт маҳкум кард. Эмомалӣ Раҳмон бо арзи тасаллият аз ҳалокати мардум  дар Фаронса ба президент Франсуа Олланд, муроҷиат кард: «Хабари даҳшатангези ҳамлаи ғаддоронаи террористӣ дар шаҳри Нитсаи Ҷумҳурии Франсия ба гашту гузори идонаи оммавии мардуми осоишта, ки мӯҷиби ҳалокат ва осеб дидани теъдоди зиёди шаҳрвандони кишвару сайёҳон гардид, моро бениҳоят андӯҳгин намуд. Ин ҳодисаи нафратангези ғайриинсонӣ, боз як намунаи аъмоли зиштинерӯҳои аҳриманист, ки муборизаи беамон бо онҳо вазифаи ҳар як фарди огоҳ аст. Ба ин манзур Тоҷикистон чун пештара омода аст, дар якҷоягӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, минҷумла бо кишвари дӯсти Шумо муборизаи қотеъонаро алайҳи ҳамагуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ тақвияти дучанд бахшад»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *