Андалеб-2016: Боз Рӯдакӣ пешсаф аст

  Тавре иттилоъ дода шуда буд,  дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев  даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016»   аз 12 то 21 августи соли равон баргузор мегардад.

Ин навбат  дар Фестивал-озмун ҳаваскорони  ноҳияи Рӯдакӣ бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертӣ хотири ҳаводорони санъатро болида гардониданд.
Ҳакамон намоиши ҳунарҳои мардумии ноҳияи Рӯдакиро миёни  дигар  ноҳияҳои иштирокдори Фестивал-озмун  беҳтарин  ҳисобида, зикр намуданд ки он дар сатҳи баланд ташкил гардидааст  ва онро ба  8,7 хол  баҳогузорӣ намуданд.
Ҳакамон ба навозиши умумии «Дилангез» дар иҷрои ансамбли созҳои миллӣ, инчунин сюитаи рақсию овозии «Тараннуми Истиқлол» дар иҷрои кормандони Қасри фарҳанг ва толибилмони муассисаҳои таълимии ноҳия   10 хол  гузоштанд. Дар маҷмӯъ, ноҳияи Рӯдакӣ 98,8 хол ба даст овард.
Мавриди зикр аст, ки  аз 10 шаҳру навоҳии кишвар, ки ба даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016»   роҳ ёфтаанд, ҳунармандони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе   ба гирифтани 100,6 хол сазовор гардида, аз дигарон пешсафанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *