“Антибиотикҳо” ва мутобиқшавии он

Имрӯз дар бинои Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ нишасти матбуотӣ бахшида ба ҳафтаи умумиҷаҳонии истифодаи дурусти антибиотикҳо баргузор гашт.

Дар нишасти имрӯза Мирҳамуддин Камолзода – муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, Парвина Мухторова – директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и ВТҲИА ҶТ, Иноятулло Насруллоев – мутухасси пешбари ТУТ оид ба солимии ҳайвонот дар Вазорати кишоварзии ҶТ,
Саид Давлатов – муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, инчунин намояндагони ВАО иштирок доштанд.

Бояд тазаккур дод, ки мавзӯи нишаст, «Пешгирии ҳар як сироят – маънои дур шудан аз табобат бо антибиотикҳо ва мубориза бар зидди мутобиқшавӣ бо антибиотикҳо саҳмгузор бошед», буд, ки дар доираи он маърӯзаҳо пешниҳод гардид.
Қайд карда шуд, ки вазифаи кормандони тандурустӣ панҷ гигиенаи дастҳоро риоя намоянд, ки онро ТУТ тавсия намудааст. Бояд пеш аз тамос бо бемор, пеш аз тайёрӣ ва доругузаронӣ, баъди тамос бо моеъи биологии организм, баъди тамос бо бемор, баъди тамос бо ашёе, ки беморро иҳота намудаанд , дастони хешро шӯянд.
Вобаста ба мавзӯъ далелҳои нав дар бораи устуворӣ ба дорувориҳои зиддимикробӣ дар мамлакатҳои Аврупо 15 ноябри соли 2017 дар маърӯзаи сеюми ҳарсола оид ба назорати эпидемиологӣ ва дар қисми нави веб-портали ТУТ дар хусуси тандурустӣ нашр мегардад, ки ин маълумот барои фаҳмидани миқёси проблемаҳо ва муайян кардани афзалиятҳои калидии фаъолият бисёр муҳим мебошанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *