Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Арӯс худашро кушту хушдоман 5 сол зиндонӣ шуд

Додгоҳи шаҳри Турсунзода хушдомани як арӯси ҷавонмаргро бо гуноҳи ба худкушӣ расондани келинаш ба 5 сол зиндон маҳкум карда, ҳамзамон, бар асоси қонуни афв якуним сол ҳабси ӯро кам намудааст.

Дар додгоҳ рӯзи 27-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Зархол Мустонова барои он ба зиндон маҳкум шуд, ки «пайваста келинаш Хуршеда Холмуродоваи 25-соларо азобу уқубати равонӣ медод ва ӯ ба ин озору бадрафторӣ тоб наоварда, худро кушт.»

Ҳукм 20-уми сентябри имсол содир шудааст. Хешовандони Зархол Мустонова гуфтаанд, ҳукм ноодилона аст ва ба додгоҳи болоӣ шикоят мебаранд. Пайвандони Хуршеда Холмуродова низ бо ҳукм розӣ нестанд, чун муҳлати ҷазоро кам мешуморанд.

Бино ба гуфтаи мақомот, Хуршеда Холмуродова, донишҷӯйи курси чаҳоруми Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Турсунзода, рӯзи 12-уми июни имсол, баъди хӯрдани сиркои зиёд ба ҳалокат расидааст.

Чорӣ Холмуродов, падари Хуршеда Холмуродова, рӯзи 27-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ба бовари онҳо, духтараш худкушӣ накарда, «балки тавассути сирко додан кушта шудааст». «Аз ин рӯ, бар асоси куштор бояд парвандаи ҷиноӣ кушоянд, на ба худкушӣ расондан», — гуфт ӯ.

Холмуродов ҳамзамон иддао кард, ки вақте ҷасади духтарашро диданд, дар бадани ӯ осори шиканҷа намудор буд.

Яке аз пайвандони Мустонова бе зикри ном рӯзи душанбе гуфт, «Хуршеда Холмуродова зери озору шиканҷа набуд ва бинобар он аз рӯйи ҳукм шикоят мекунанд».

Дар ҳукми Додгоҳи шаҳри Турсунзода, гуфта шудааст, Хуршеда Холмуродова рӯзи 12-уми июн нияти рафтан ба тӯйи яке аз пайвандонро дошт, «аммо бо мухолифати сахти хушдоман рӯбарӯ шуд».

«Зархол Мустонова дер аз аз хоб хестани арӯсро баҳона карда, монеи иштироки ӯ дар тӯй шуда, боз таҳқиру дашном додааст. Ин ҳолатҳо боиси он гардидааст, ки Хуршеда ба ошхона даромада, бо мақсади худкушӣ сирко нӯшад», — гуфта шудааст дар ҳукм.

Хуршеда Холмуродова дар курси чаҳоруми Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Турсунзода мехонд. Ду сол пеш оиладор шуда, аз ӯ як писар ба мерос мондааст. Волидонаш мегӯянд, оилаи шавҳараш ба таҳсили ӯ розӣ набуданд ва доим ҷангу ҷанҷол мекарданд. Чунин иддаоро тарафи дигар рад мекунад.

Ин ҳодисаҳо рӯз т о рӯз дар кишвар афзоиш меёбанд, дар солҳои пеш низ чунин ҳодисаҳо рух додаанд ва мақомоту коршиносон сабаби аксарияти ин фоҷиаҳоро ҷаннҷолҳои хонаводагӣ номидаанд. Аммо равоншиносон ба назари онанд, ки ин бемориҳои равонӣ ва афсурдагии арӯсони ҷавон аст, ки нодида гирифта мешаванд ва оқибаташ ба фоҷиа меанҷомад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.