Арӯси мӯйсафед намешӣ?-масхараи ҳамсинфон Муҳаррамаро ба доғи бадноми бурд

Дар деҳаи мо мӯйсафеди бекасу танҳое ҳаст. Фарзанд надорад, занаш 20-сол пеш аз дунё гузашта буд.

Модарам барои савоб маро ҳар рӯз ба хонаи мӯйсафед мефиристод, то барояш хӯрок барам ва хонаву дарашро рӯбучин намоям. «Духтарам, илоҳо бабахт шавӣ, соҳиби шавҳари меҳрубону хонаи обод гардӣ» гӯён, мӯйсафед мудом дар ҳаққам дуои нек мекард. Ҳамсинфонам ҳамеша ба хонаи ин пирамард даро-баро кардани маро дида масхаракунон ба ман лақаб мемонданд: «Арӯси мӯйсафед». Ҳамин ки аз дари мактаб медаромадам, ҳама бачаҳо «ана, зани кенҷагии дед омад» гӯён механдиданд. Аламам  меомад, вале саг меҷакаду корвон мегузарад гуфта ба гапҳояшон аҳмият намедодам. Вақте мактабро тамом кардам, гирди номи ман дар деҳа овозаҳои бисёре пайдо шуданд. «Парвинаро мӯйсафед қапида, корашро кардааст»-ин туҳматҳоро шунида, хостгорон аз пушти дарамон гашта мерафтанд. Ҷонам аз ин ҳама дурӯғу буҳтон ба лабам расиду рӯзе гирён ба хонаи пирамард рафта, гапу калочаи мардумро ба ӯ расондам. Мӯйсафед заррае шарм надошта гуфт: «Парвин, ман туро дӯст медорам ва инро аз касе пинҳон карданӣ нестам. Ту дар хонаи ман нақши раҳматии занамро бозидӣ ва ман барои хизматҳоят то мурдан аз ту миннатдорам. Ишқро баъди кампираки раҳматиам дар дилам зинда намудӣ. Парвинҷон, агар арӯси ман шавӣ, хонаву дарам, ҳавливу боғу роғам, гову гӯсфандам, ҳама дороиямро ба ту мерос мегузорам. Насибат кунад.» Бо шунидании ин суханҳо даҳонам воз монд. Пирамарди касофат мехост ба ман даст дароз намояд, вале бо тамоми қувва ӯро тела зада аз худ дур намудаму бо нафрат ба рӯяш туф карда гуфтам: «Пиршайтони беимон, садқаи хизматҳоям шавӣ! Медонистам, ки ту ин қадар одами ифлос ҳастӣ, поямро ба остонаи дарат намегузоштам.  Худо ҷазоятро диҳад, мӯйсафеди ҳаромхиштак…»

Хулоса, гирён ба хона омадам ва модарамро маломат намудам, ки бо гуноҳи шумо номи ман бад шуд. Падару модарам ба сари мӯйсафед рафта, хуб дашномаш доданд.

Ба он хотир ин ҳодисаро ба газета навиштам, ки хонандагони азизи «Оила» маслиҳатам диҳанд. Ҳамсояву ҳамдеҳагонамон асли гапро нафаҳмида, то ҳол «Арӯси мӯйсафед» гӯён маро масхара мекунанд. Илтимос, роҳи аз ин доғи бадномӣ халос шуданро ба мани бегуноҳ нишон диҳед!

Муҳаррама, аз н. Спитамен

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

5 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *