“Арӯси замонавӣ-2”  «плагиат» нест  

     Дар арафаи нахустнамоиши филми мазҳакавии  “Арӯси замонавӣ-2” дар толори матбуотии ҶДММ «Оила» вохӯрии  дастандаркорони филм бо намояндагони ВАО баргузор гардид. Суоли асосие ки диққати хабарнигоронро ҷалб карда буд, ин  баҳси “плагиат” будани қисмати аввали буд. Коргардони филм – Набиҷон Пирматов гуфт,  қисмати авали филм ин барои ӯ мисли таҷрибаандӯзӣ буд, аммо с қисмати дуввуми филм моли худи ӯ ва муаллифи он — Абдулмӯъмин Шарифист.

    Ҳунарманди машҳури тоҷик Абдулмӯъмин Шарифӣ, ки дар як вақт мааллифи сенарияи  ҳунарманди шинохтаи театру кино ва муаллифи филмномаи “Арӯси замонавӣ-2” рӯзи 21 июл дар як нишасти хабарие гуфт, дар қисмати аввали филм созандаҳо аз пайи шавқу ҳавас рафта, ба хатоиҳо роҳ доданд: “Намешавад аз воқеият рӯ тофт. Вақте дар бораи як филм овозаҳое баланд мешавад, пас он ҳақиқате ҳам дорад”.

   Аммо ӯ афзуд, қисмати дуввуми филм фарқкунанда ҳаст ва хатову камбудиҳо ислоҳ шудаанд: “Коргардон баъзе ҷойҳои сенарияро тағйир додааст, вале гумон мекунам писанди тамошобинон хоҳад шуд”.

   Баъди вориди бозор шудани “Арӯси замонавӣ” сару садоҳо дар бораи аз як филми узбакӣ рӯбардор шудани сенарияи он зиёд шуд. Набиҷон Пирматов, муаллифи сенария, коргардон ва ҳунарманде, ки нақши асосиро дар филми “Арӯси замонавӣ” бозидааст, баъди ин сару садоҳо ба “Озодагон” иқрор карда буд, ки воқеан идеяи филм ва баъзе саҳнаҳои “Келгинди келин” ва як филми ҳиндӣ гирифта шудааст. Ба қавли ӯ танҳо филми ӯ на, балки се-чор филми дигари тоҷикӣ ҳам аз филмҳои узбакӣ рӯбардор шудаанд, вале ба қавли вай чун “Арӯси замонавӣ” машҳур шуд, зуд атрофаш баҳсҳои зиёд ба вуҷуд омад.

     Зулфия Содиқова, яке аз дигар ҳунармандоне, ки дар ин филм нақш офаридааст, дар дидори рӯзи гузаштаи коргардон ва ҳунармандони “Арӯси замонавӣ-2” ба хабарнигорон гуфт, мавзӯи филм доғ аст ва дар ҳама ҷомеаҳо мавҷуд аст. Ӯ гуфт, филми узбакии “Келгинди келин”-ро тамошо накардааст ва фикр намекунад, ки саҳнаҳои ин ду кино бо ҳам аз ҳад зиёд монанд бошанд: “Шояд як хатти умумиаш монанд бошад, аммо шохаҳои дигаре ҳаст, ки коргардони тоҷик ба шеваи худ онро роҳандозӣ кард”. Гузашта аз ин, ба гуфтаи Содиқова ҳар ҳунарманд дар филм ба шеваи хоси худ нақш меофарад, ки имкон надорад ба филми дигар шабоҳат дошта бошад.

    Моҳпайкар Ёрова, ки яке аз нақшҳои асосиро дар ду қисми “Арӯси замонавӣ” бозӣ кардааст, мегӯяд, вақте қисмати аввали кино вориди бозор шуд, он ба дили мардум нишаст ва худи тамошобин талаб кард, ки он идома дошта бошад: “Образи арӯси замонавӣ дар ҳаёти воқеии мардум хело зиёд шудааст, анъанаву урфу одатҳои миллиро намедонанд ва мо бояд омӯзонем, тарбия кунем, нишон диҳем, ки духтари тоҷик чӣ гуна бояд рафтор кунад”.

    Созандаҳои филм мегӯянд, дар “Арӯси замонавӣ-2” бисёр камбудиҳое, ки дар қисмати аввал буд, ислоҳ шуда ва умедворанд мақбули бинанда мегардад. Нахустнамоиши “Арӯси замонавӣ-2” рӯзи 23 июл дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *