Арабистони Саулӣ гузаронидани ҳаҷи умраро иҷозат дод

Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар мувофиқа бо ниҳодҳои беҳдоштии ин кишвар барои аз сар гирифтани ташкили ҳаҷи умра санадеро ба тасвиб расонидааст, ки раванди иҷрои он аз чанд марҳила иборат мебошад. Хабар медиҳад Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин

Марҳилаи 1. Иҷозат барои шаҳрвандони Арабистони Саудӣ ва сокинони таҳҷоӣ шурӯъ аз рӯзи якшанбе, 17-уми моҳи сафари соли 1442 ҳ., мувофиқ ба 4-уми октябри соли 2020 (6 ҳазор нафар дар як рӯз, бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ) то 18-уми октябри соли 2020.

Марҳилаи 2. Иҷозат барои шаҳрвандони Арабистони Саудӣ ва сокинони таҳҷоӣ шурӯъ аз рӯзи 18-уми октябри соли 2020 (15 ҳазор умракунанда ва 40 ҳазор намозгузор дар як рӯз) то 01-11-2020 .

Марҳилаи 3. Иҷозат барои шаҳрвандони Арабистони Саудӣ ва шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ шурӯъ аз 1-уми ноябри соли 2020 (20 ҳазор нафар умракунанда ва 60 ҳазор намозгузор дар як рӯз) то ба охир расидани хатари бемории сироятии «КОВИД-19».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *