Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон маълум шуданд

Қуръакашии даври интихобии Ҷоми Осиё-2019 23-юми январ дар пойтахти Аморати Муттаҳидаи Араб шаҳри Абу-Дабӣ баргузор шуд.
Дар даври финалии Ҷоми Осиё, ки соли 2019-ум дар Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад, аввалин маротиба аст, ки 24 даста ширкат мекунанд. 12 дастаи даври финалӣ аллакай маълум шудаанд. Инҳо дастаҳои мунтахаби Австралия, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Эрон, Ӯзбекистон, Ироқ, Қатар, Сурия, Таиланд, Чин, Арабистони Саудӣ ва Аморати Муттаҳидаи Араб ҳастанд.
24 дастаи дигар барои соҳиб шудан ба 12 роҳхати боқӣ дар даври интихобӣ миёни ҳам рақобат хоҳанд кард. Дар марҳилаи интихобӣ дастаҳо ба шаш гурӯҳи иборат аз 4-дастаӣ ҷудо мешаванд ва аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври финалӣ роҳ меёбанд.
Мувофиқи қуръакашии даври интихобии Ҷоми Осиё-2019 шаш гурӯҳ ташкил карда шуд, ки дар ҳар гурӯҳ 4-дастаӣ ҷой гирифтанд. Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои мунтахаби Яман, Филиппин ва Непал бозӣ мекунад. Бозии якумро даста 28-уми март мегузаронад, ки дар ин давр дар сафар бо Яман вомехӯрад. Дар даври дуюм шогирдони Ҳаким Фузайлов 13-уми июн дар майдони худ бо Филиппин бозӣ мекунанд. 5-уми сентябр даста ба сафар меравад ва бо Непал қувва месанҷад. Бо ҳамин даста 10-уми октябр вохӯрии ҷавобӣ дар Душанбе баргузор мешавад. Боз як вохӯрии хонагӣ 14-уми ноябр бо дастаи Яман дар назар аст. Даври шашум, даври ҷамъбастӣ 27-уми марти соли 2018 баргузор мешавад, ки дар ин давр дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо Филиппин бозӣ мекунад.
Сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов, ки дар қуръакашӣ ширкат дошт, баён кард: «Боварӣ дорам, ки ин вазифа барои дастаи мо амалишаванда аст ва мо онро иҷро мекунем».
Тақвими бозиҳо дар гурӯҳи «F»
Даври 1. 28 март
Яман – Тоҷикистон
Филиппин – Непал
Даври 2. 13 июн
Тоҷикистон – Филиппин
Непал – Яман
Даври 3. 5 сентябр
Непал – Тоҷикистон
Филиппин – Яман
Дави 4. 10 октябр
Тоҷикистон – Непал
Яман – Филиппин
Даври 5. 14 ноябр
Тоҷикистон – Яман
Непал – Филиппин
Даври 6. 27 марти 2018
Филиппин – Тоҷикистон
Яман – Непал.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *