Аршавин духтарчаашро Ёсуман ном ниҳод

Футболбози машҳури Русия, собик узви дастаи «Арсенал»-и Англия ва ҳоло бошгоҳи футболи «Ғайрат»-и Қазоқистон Андрей Аршавин ба духтарчаи навзодаш номи ҷолиб ниҳодааст.

 

Бинобар иттилои  нашрияи «Комсомольская правда», Андрей Аршавин ва завҷааш Алиса Казмина ба тифлаки дӯстрӯ номи Есеняро лоиқ донистанд. Есеня дар нимаи дуюми моҳи  феврал, дар яке аз таваллудхонаҳои Испания ба дунё омадааст. Волидон мепиндоранд, ки ин номи испанӣ буда, бо фамилияи онҳо хеле муносиб афтодааст. Нашрия бошад, фарз кардааст, ки дар славянҳо номи мардонаи Есеня Есений  мебошад, ки баъдҳо аз он номи занонаи Есения пайдо шудааст.

Дар кишварҳои Испания ва Амрикои Лотинӣ ин ном  решаи арабӣ дошта, маънои «гули ёсуман»-ро дорад. Яъне, Есеня «Ёсуман» гуфтан аст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *