Ашт: Қатли падар аз ҷониби писар (Видео)

Дар ноҳияи Ашт як марди 42-сола бо гумони куштани падари 86-солааш дастгир шудааст. Вазорати дохила мегӯяд, ин мард шоми 21 ноябр дар ҷараёни як муноқишаи оилавӣ бо асо ба сари мӯсафед задааст. Падари кӯҳансол дар ҷои ҳодиса ҳалок шудааст.

Маркази матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 23 ноябр аз ошкор шудани боз як ҷинояти мудҳиш – қатли падар бо дасти писар хабар дод.

Бино ба ин манбах, як марди 42-солаи сокини ноҳияи Ашт рӯзи 21 ноябр, соати тахминан 17:30 «дар ҳавлии истиқоматиашон аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо падараш, марди 86-сола ҷангу ҷанҷол карда, бо асои дар дасташ буда, 1-маротиба ба сараш задааст. Дар натиҷа мӯсафед ба замин афтида, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Вазорати дохила ҷузъиёти бештари ин ҳодисаро наовардааст ва танҳо менависад, ки мардуми гумонбар бо иттиҳоми «қасдан расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба саломатӣ” дастгир гардида, дар робита ба ин куштор парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст ва тафтиш идома дорад.

Моҳи сентябр низ дар ноҳияи Ашт як чунин ҳодиса қатли падар бо дасти писар сабт шуда буд.

Сокини шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт Нарзуллоев Некбахт, соли таваллудаш 1992, тахминан соати даҳи шаби 12 сентяб шаб падари 47-солааш Ғайрат Нарзуллоевро бо бел бераҳмона зада куштааст. Вазорати дохила гуфт, дар пушти ин ҳодисаи нангин муноқиша ва ноустувории муносибатҳои байни ин падару писар намудор мешавад: «Майзада будани падар ва номуросо будан бо аҳли оила рафоқат ва меҳрубониро аз байн бурда, муносибати байни аъзои оиларо сард ва оқибат писарро қотили падар кард.” 

Некбахт Нарзуллоев, ки ба фарқи сари падараш бо тезии бел чанд зарба зад, дар баёноташ гуфт, ҳар боре ки падараш маст меомад, байни онҳо чунин муноқишаҳо рух медод: «Маст шуда, бароварда, пеш мекард. Бору буғчаатро бардору рав гӯён аз хона пеш мекард.”

Дар гузорише ки дар барномаи «Сипар”-и вазорати дохила нашр шуд, ҳамсари Ғайрат Нарзуллоев ҳодисаи шаби 12 сентябрро чунин қисса кард: «Маро зад аввал, як тараф гурехтам. Баъд ба тарафи хонаи Некбахт рафта, борони дашному ҳақоратро ба болои онҳо рехт. Некбахт гуфт, дадо, шумо маро шарманда кардед, ман пагоҳ бо ошноҳоям чӣ хел гап мезанам? Баъд гирифту зад падарашро.”

Ба ҳамин монанд ҳодисаи куштори падар аз дасти фарзанд чанд соат баъди ҳодисаи Шайдон, рӯзи 13 сентябр, соати тахминан яки рӯз дар кӯчаи Исобоеви ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух дод. Вале дар Хистеварз баракс писари майзада падареро, ки ӯро ба роҳи рост ва рӯзгори солим даъват мекард, кушт.

Зариф Ҷумъаев, соли таваллудаш 1975, падараш Абдусамад Ҷумъаеви 65-соларо барои ин насиҳатҳояш 5 зарбаи корд задааст.

Зариф Ҷумъаев дар барномаи «Сипар” ҳодисаро чунин нақл кард: «Падарам боз арақ хӯрдӣ, чӣ кор мекунӣ? – гуфта ҷанг кард. Ду-сето маро зад ва маро феълам омаду кордро гирифтаму бо корд задам сонӣ. Якта ба пешаш задам, гашта, тоб хӯрда буд, ки 4 корди дигар ба пушташ задам.” Зариф Ҷумъаев, ки дар чеҳрааш ягон эҳсоси пушаймонӣ дида намешуд, дар бораи сабабҳои муноқишаҳо дар оилаашон мегӯяд: «Падарам насиҳат мекарданд, ки арақ нахӯр. Се бача дорӣ, аз паи зиндагиат шав. Бачаҳоят калон шудаанд…”

Ба зидди Некбахт Нарзуллоев ва Зариф Ҷумъаев бар асоси моддаи 104-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ кушодаанд.

Дар гузориши вазорати дохила дар шарҳи он ду куштори падар бо дасти писар гуфта шуд: «Бо шунидан ё дидани ҷиноятҳои нангину даҳшатбор – куштори волидон ё пайвандони ҳамхун даст ба гиребон бурда, тавба мекунем, аммо чӣ илоҷ, ки чунин доғи ношустанӣ дар ҷомиаи мо низ ҷой дорад.”

Вазорати дохила гуфт, куштори падар ягон ҳолати сабуккунанда надорад ва ин ду фарзанди падаркуш ҷаҳои шадид хоҳанд гирифт: «Дуои падару модар дар ҳарду олам раҳкушои мост. Агар имрӯз аз гиребони онҳо гирифтем, фардо ҳатман чунин муносибатро аз фарзандони худ хоҳем дид.”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *