Асрори марг ва ишқи пинҳонии Муқаддас Набиева

Агар умр вафо мекард имрӯз овозхони маъруфу шинохтаи садаи ХХ Муқаддас Набиева 71-сола мешуд.

Муқаддас Набиева 7-уми январи соли 1950 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст, вале тарбиятгирифтаи мактаб-интернати рақами 10-и шаҳри Душанбе мебошад. Азбаски аз ҷавонӣ духтараки чолок ва ҷасуру серғайрат буд, ӯро тез-тез ба чорабиниҳои варзишӣ ҷалб мекарданд. Пас аз хатми мактаб-интернат вай ба Институти тарбияи ҷисмонӣ дохил шуда, соли 1972 онро хатм намуд ва дар мактаби ибтидоии варзишии ноҳияи Фархор ба ҳайси тренер ба кор шурӯъ кард, аммо шавқу завқи сарояндагӣ ҳамоно қалбашро ором намегузошт. Ҳамин буд, ки Муқаддас дар баробари тренерӣ бо дастаи ҳаваскорони санъати хонаи маданияти Фархор пайваста, дар ҷашну чорабиниҳои мухталиф ширкат меварзид. Истеъдоди Худодод ва садои гуворою дилнишинаш, ки дар илми мусиқӣ онро сопранои лирикӣ мегӯянд, ба зудӣ ин духтараки резапайкарро шуҳратёр сохт ва овозаи Муқаддас аз Фархор то ба Душанбе расид…

Дар зер нигоштаи Одил Нозирро меорем, ки аз рӯзгор ва фаъолияти ӯ қисса мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *