АСТАҒФИРУЛЛОҲ…Толиб бо ҳамаи гуноҳҳояш даъвои биҳишт дорад?!

Субҳи имрӯз чун одат телевизорро рӯшан кардаму хостам аз шабакаи «Афғонистон интернешнел”, ки ба тарафдории Ҷабҳаи муқовимат ҳарф мезад, аз вазъи Афғонистон хабардор шавам..

Вале ҳайҳот. Паштутаборе чанд лаҳза ба забони пашту сухан гуфта, нимчамуллои салладореро муаррифӣ карда, ба паштугӣ саволҳо медод Он “муллои замона” ба забони форсӣ оид ба авфи гуноҳҳо аз тарафи Худованд ҳадс зад ва ривоятеро овард: Дар аҳди Исроил шахсе 99 нафарро ба қатл расонд ва гӯё аз кардааш пушаймон шуда, хост аз уламо бифаҳмад, ки чӣ кор кунад, то Худованд ӯро мавриди авф қарор дихад. Ба назди роҳибе рафт ва мақсадашро баён кард. Роҳиб ба ғазаб омад ва гуфт, ки аз ӯ дур шавад, зеро гуноҳаш нобахшиданист. Он мард роҳибро низ ба қатл расонд ва шумораи мақтулон ба сад расид. Боз ба назди олиме рафт ва мақсадашро гуфт. Олим ба ӯ фармуд, ки аз корҳои кардааш тавба кунаду аз Худованд авф пурсад. Чанде нагузашта он мард мурд ва гӯё байни фариштаҳои раҳмат ва азоб дар мавриди бурдани ӯ ихтилоф афтод. Ва гӯё дар садади талоши омуриш будааст, бинобар ин ӯро фариштаҳои раҳмат мебаранд… АстағфируллоҳИмрӯз ин ғосибони хунхори бераҳм бо овардани чунин ривояту афсонаҳои бепоя ва дур аз Қуръони карим ба мардуми содда гул мезананд ва худро мусичаи бегуноҳ меҳисобанд.

Чаро ҷомеаи ҷаҳонӣ, нисбат ба амалкарди ин гурӯҳи терористӣ чорае намеандешанд?!Магар аз ёди ҷомеаи ҷаҳонӣ рафтааст, ки дар натиҷаи амалҳои террористӣ ба дасти ин “гургон дар ҷомаи меш” ҳазорҳо мардуми бегуноҳ, хусусан, занону кӯдакон ваҳшиёна кушта шуданд.

Бузургтарин гуноҳ дар ислом қатли бегуноҳон аст. Чунончи дар ояти 32 сураи Моида омадааст: “Ҳар кӣ нафсеро бидуни ҳаққи қасос ва ё бе он ки фасод ва фитнае дар рӯи замин кунад, ба қатл расонад, мисли он бошад, ки ҳамаи мардумро кушта ва ҳар кӣ нафсеро ҳаёт бахшад (аз марг наҷот диҳад), мисли он аст, ки ҳамаи мардумро ҳаёт бахшида( ки як тан маншаи ҳаёти халқе тавонад шуд)“. Яъне, қатли ноҳаққи шахсе новобаста аз дин, мазҳаб, нажод, чун қатли тамоми мардумон ва халос кардани шахсе аз ҳалокат ба мисли наҷот додан аз сӯхтан, ғарқ шудан, гуруснагӣ ва беморӣ, чун зинда кардани тамоми башар маҳсуб меёбад.

Дини муқаддаси Ислом тазаккур медиҳад, ки бузургтарин гуноҳ қатли ноҳақ буда, фоил, яъне қотил рӯзи қиёмат ба азоби абадӣ гирифтор мегардад. Ҳамчунон ки дар ояти 68, сураи Фурқон ифода ёфтааст: “Ва нафси муҳтарамеро, ки Худо ҳаром карда, ба қатл намерасонанд ба гирди амали зино намегарданд, ки ҳар кӣ амал кунад, кайфари гуноҳашро хоҳад ёфт. Ва азобаш дар қиёмат музоиф шавад ва бо зиллату хорӣ ба дӯзах мухаллад гардад”.

Қотили муъмин дар рӯзи қиёмат ба шадидтарин уқубат гирифтор мешавад. Худованди мутаъол дар ояти 93 сураи Нисо мефармояд: “Ҳар кас мӯъминеро ба амд( қасдона) бикушад, муҷозоташ оташи ҷаҳаннам аст, ки дар он ҷовид муаззаб хоҳад буд. Худо ба ӯ хашму лаън кунад ва азоби бисёр шадид муҳайё созад”. Агар ду мусалмон бо шамшер бо ҳам ҷангида яке дигареро ба қатл расонад, ҳам қотил ва ҳам мақтул дузахиянд. Гуфтанд: Эй Расули Худо, қотил маълум, вале мақтул (кушташуда) чи гуноҳ дорад? Гуфт:” Ӯ ҳам ба куштаи қотилаш ҳарис буд”.Магар Толибон аз ин оятҳои Қуръон ва ҳадисҳои Паёмбар (с) бехабаранд!? Чаро аз чунин гуноҳҳои кабира, ки фоили онро мухаллади ҷаҳаннам мегардонад ҳарф намезананду тарошидани риш ва ё мусиқӣ гӯш карданро гуноҳ ҳисобида мардумро ҷазо медиҳанд? Хоҷа Ҳофиз ба ин сон мусулмонон ишора карда мегӯяд:

Гар мусулмонӣ ҳамин аст, ки “толиб” дорад,

Вой агар аз паси имрӯз бувад фардое.

Ва Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ пиндору гуфтор ва рафтори чунин мусулмонҳоро, ки ба дини мубини ислом иснод меоранд, дида, ба ғазаб омаду гуфт:

Биё тарҳи нави миллат бирезем,

Ки ин миллат ҷаҳонро бори душ аст.

Ва ба гуфти Устод Рӯдакӣ:

Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас,

То кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт!

113 мубодилаМаъқулШарҳМубодила кардан

0

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *