Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Қатли падар аз суйи писар

Ҷавоне дар вилояти Суғд ба гумони қатли падараш боздошт шудааст.
 Дар ин хусус Раёсати умури дохилии Вилояти Суғд хабар дода гуфтааст, ки як сокини ноҳияи Исфара ба гумони қатли падараш боздошт шуд.

Ин ҷавони 22-сола, ки дар ҷамоати Навгилеми ноҳияи Исфара зиндагӣ мекунад, бар асари муноқишаи хонаводагӣ бо корди хоҷагӣ як мароиба ба қафаси синаи падари 73-солааш мезанад: “Дар натиҷа марди 73-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад”.
Ин ниҳод хабар медиҳад, ки вобаста ба ҳодисаи мазкур бар асоси  моддаи 104-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.