Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Авбошии 6 ҷавон бо истифода аз “Макаров”

Оиди боздошти шаш ҷавони аз 20 то 29-сола, ки дар авбошӣ муттаҳам мешавандаз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар додааст.Бино ба иттилои ин ниҳод, дастгиршудаҳо шаби 11 ба 12 август тахминан соати 04:00 дар қаҳвахонаи “Бедуин”, воқеъ дар кӯчаи Сомонии ноҳияи Рӯдакӣ бо истифода аз таппончаи газии

тамғаи “Макаров” ва чӯбдаст, ба марди 30-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва рафиқонаш, сокинони ҳамин ноҳия ҳамла намуда, “ду маротиба бо таппончаи мазкур ба сари рафиқаш, марди 40-сола зада, ду нафар ҷавонони 18 ва 27-соларо ба ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бурда, бе ягон асос мавриди лату кӯб қарор додаанд”.

Инчунин ба гуфти манбаъ ҷавонони мазкур маблағи 120 сомонӣ, автомашинаи шахсии тамғаи “Ваз-2105”-ро бо роҳи зӯроварӣ гирифта, 4000 сомонии дигар талаб намудаанд: “Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.