Ҳаво имрӯз намеборад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои   тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон  иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -6-11 дараҷа сард,   рӯзона  2+3 дараҷа гарм мешавад. Дар  шарқи ин вилоят шабона -25-30  ва рӯзона -9-14 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки  тағйирёбанда шуда,  фаромадани туман дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб 3-8  метр, дар баъзе ноҳияҳо то 13-18 метр дар  як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона -2-7 дараҷа сард  ва рӯзона  0+5  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои  тағйирёбанда  шуда,  фаромадани туман  дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо шабона -4+6 ва рӯзона +6+11   дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда  шуда, туман мефарояд. Ҳарорат шабона ба 1+6 ва рӯзона  ба  5+10  дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда,    шабона 3+5 дараҷа сард  ва рӯзона +8+10  дараҷа гарм мешавад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *