Ҳаво имрӯз намеборад

 Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки бебориш дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон  хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12-17   ва рӯзона 1-6 дараҷа сард  мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  24-29 ва рӯзона 4-9  дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд   ҳавои абрноки бебориш шуда, туман мефарояд.  Шамол аз самти шарқ   4-9, инчунин то 19-24 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа сард то 3 дараҷа гарм шуда, рӯзона 6-11 дараҷа гарм  мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 12-17 дараҷа сард шуда,  рӯзона аз 4 дараҷа сард  то 1 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои абрноки бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа сард шуда, рӯзона 10-15  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 6-11 дараҷа сард ва  рӯзона 2-7 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман  абрнок шуда,  туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа сард ва  рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар  кӯҳҳо  шабона аз 7-12 то 13-18 дараҷа сард   ва  рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои  абрноки бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти шарқ  2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 4-6 дараҷа сард ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм мешавад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *