Ҳаво имрӯз намеборад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда  мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон  хабар додаанд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10-15   ва рӯзона 1-6 дараҷа сард  мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  аз 20-25 то 28- 33 ва рӯзона 8-13  дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд   ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ   3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 0-5 ва  рӯзона 8-13 дараҷа гарм  мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 9-14 дараҷа сард шуда,  рӯзона  ҳаво аз 3 дараҷа сард  то 2 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйрёбанда шуда, дар водиҳо боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5  ва рӯзона 11-16  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 2-7 дараҷа сард шуда,  рӯзона 3-8 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм шуда,  рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар  кӯҳҳо  шабона 9-14 дараҷа  сард шуда,  рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои  бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ  0-5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0-2  дараҷа сард шуда, рӯзона 9-11 дараҷа гарм мешавад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *