Ҷавоҳиротдуздон дастгир гардиданд

Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо ариза зани 42-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 17 ба 18-уми январи соли 2019, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 3000 сомонӣ, 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг” ва 1 адад гарданбанди нуқрагӣ, ки арзишашон 3200-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, донишҷӯи соли 3-юми Донишгоҳи технологии шаҳри Кӯлоб бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд.
Ҳамчунин ба ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ бо ариза зани 35-солаи сокини деҳаи Деҳқонободи ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи январи соли 2018, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад телевизори тамғаи “Самсунг”, ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ ва нуқрагиро, ки арзиши умумиашон 10 ҳазору 500-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 32-солаи сокини деҳаи Каленини ҳамин ноҳияро, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони дуздӣ дастгир намуданд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

ВКД

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *