Ҷавоби «не»-и Садриддин ба пешниҳоди Ғизол барои зиндагии доимӣ дар Канада

Садриддини Наҷмиддин пешниҳоди Ғизол Иноят барои зиндагии доимӣ дар Канадаро қабул накард.

Садриддин Наҷмиддин, овозхони шинохтаи тоҷик ба пешниҳоди Ғизол Иноят дар мавриди истиқомати доимӣ дар Канада ҷавоби рад дода, гуфтааст, ки ҳар кас агар имкон дошта бошад, бояд дар ватани худ зиндагӣ ихтиёр кунад. Ӯ гуфт: “Ростӣ, фикр мекунам, ҳар нафаре, ки имконият дошта бошад дар Ватан зиндагӣ кунад, ӯ ҳамеша дар Ватан зиндагӣ хоҳад кард. Ман ҳам орзу мекунам, ҳамеша ҳар ҷое, ки рафтам боз ба Ватан баргардам”.

Садриддин Наҷмиддин ин суханонро дар як паёми видеоӣ, ки ба муносибати консерти муштарак бо Ғизол Иноят дар Канада анҷом мегирад, мегӯяд. Ин овозхони тоҷик ба суоли Ғизол Иноят дар робита ба аввалин истилоҳи ёд гирифтааш дар ин кишвар гуфт: аввалин чизе, ки дар Канада ёд гирифтам, ин аст “Тime is everything” — вақт ҳамаи чиз аст ва арзиши зиёд дорад.

Консерти муштараки Садриддин Наҷмиддин ва Ғизол Иноят рӯзҳои 9, 10, 16, 17 дар шаҳрҳои бузурги Канада  баргузор мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *