Ҷавонӣ – давраи тиллоии умр

Ҳафтаи ҷавонон, ки  дар доираи Соли ҷавонон ва ба истиқболи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон  дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ то 29 апрел ҷараён гирифт, пас аз нисфирӯзии 1 май хотирмон ҷамъбаст гардид.

Дар маросими тантанавӣ  раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Рустам Абдуллозода намояндагони Вазорати маориф ва илми мамлакат  ва  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансурҳузур доштанд.

Меҳмонон аз тарафи ректори донишгоҳ Ҳ. Одиназода пазироӣ шуданд. Онҳо дар маросими кушодашавии майдончаи футболи хурд ва толори варзишии гӯштингирию теннисбозӣ ва фитнес, ки ба хотири Соли ҷавонон бунёд шуданд, иштирок карданд.

Инчунин, меҳмонон аз намоишгоҳи ихтироъкорон ва навоварони ҷавон, намоиши эҷодиёти рассомон, меъморон ва суратгирон таҳти унвони «Беҳтарин лаҳзаи ҳаёт, овони ҷавонӣ» дидан карда, боғи фароғатии ҷавонони донишгоҳро ифтитоҳ бахшиданд. Вохӯрии меҳмонон бо олимони ҷавон, магистрантҳо ва донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ  баргузор шуда, ба ғолибони озмунҳо бахшида ба Соли ҷавонон  диплому  сипосномаҳо ва ифтихорномаҳо супорида шуданд.

Мусобиқаҳои  финалии футболу волейбол, теннисбозию гӯштигирӣ байни муҳассилин баҳри дарёфти Ҷоми ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ ба чорабинӣ шукӯҳи хоси ҷавонӣ  бахшиданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *