Ҷавоне, ки орзуи депутат шуданро дорад

 Манучеҳр Ҳамидов хатмкунандаи факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ буда, ҳанӯз аз давраҳои кӯдакӣ бо Телевизионҳои давлатӣ (ТВС, ТВТ ва ТВП) ҳамкорӣ дошта, аз синни 18 солагиаш роҳбарии Ташкилоти ҷамъиятии «Ирам»-ро бар уҳда дорад ва дар чандин чорабиниҳои ҷамъиятии сатҳи ҷумҳуриявию минтақавӣ ширкат кардааст.

Маҳорати хуби ташкилотчигӣ,  эҷодӣ,  лоиҳасозӣ дар самтҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ, сайёҳӣ, фарҳангу варзиш ва сохтани барномаҳои телевизионӣ дошта, дар чандин лоиҳаҳои хурду калон саҳм гузоштааст.
Азбаски бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон эълон гардид. Аз ин иқдом ҷавонони Тоҷикистон то куҷо хушнуд шуданд ва дар робита ба он чӣ гуна пешниҳодҳо доранд, дар ин бора хостем бо яке аз ҷавонҳои фаъоли кишвар Манучеҳр Ҳамидов ҳамсӯҳбат шавем.

-Инак, дар ҷумҳурӣ 2017 соли ҷавонон, эълон шудааст. Инро чи хел қабул кардед ва дар ин сол чи нақшаҳо доред?

— Рости гап, соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 барои ман армуѓони тозае дар Соли нав гардид. Ғайричашмдошт буд. Вақти тамошо кардани Паём, ки ман аслан ҳар сол мустақиман онро пайгирӣ мекунам, баъди эълон шудани Соли ҷавонон бовар кунед, ҳамон завқу шавқ, ҳамон нияту нақшаҳо ва ормонҳое, ки дар дил мепарварам, якуякбора даҳчанд шуданд. Гуфтам, шукри Худо, акнун навбати мо шуд. Аз ин иқдоми Сарвари давлат бениҳоят шод шудам ва бояд гуфт, ки он сари вақтӣ ҳаст. Чунки ҷавонони имрӯзаи Тоҷикистон ба дастовардҳои зиёд ноил шудаанд ва боз нияту нақшаҳои нав доранд, ки ниёз ба дастгирӣ доранд. Аз ин лиҳоз, ҳамчун як ҷавони ин Ватан бисёр мехоҳам аз ин фурсат истифода барам.

— Айни замон Шумо бо чи корҳо банд ҳастед? Чунки хело вақт шуд, ки Шуморо дар телевизор ҳам намебинем.

— Имсол хатмкунандаи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ ҳастам ва хостам каме аз телевизион худро дур гирифта, корҳои донишгоҳро ба сомон расонам. Чун имсол кори дипломӣ дорем, ҳамзамон таҷрибаомӯзӣ мегузарем, дар пеш боз имтиҳонҳои давлатӣ ҳаст. Барои ҳамин вақтам нарасид, ки дар як вақт аз паи ҳарду бошам. Кори телевизион ҳам чи хеле, ки медонед, мушкил аст. Барномасозӣ осон нест. Аммо, дар баробари ин, аз корҳои ҷамъиятӣ дур нестам. Баъзан мақоллаҳо навишта нашр мекунам, дар ҳар гуна чорабиниҳо ширват меварзам. Инчунин, бо омодасозии лоиҳаҳои Ташкилоти ҷамъиятии «Ирам» банд ҳастам. Боиси қайд аст, ки лоиҳаҳои ин ташкилот ба самтҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ, фарҳанг ва варзиш равона гашта, дар сурати амалисозӣ ба манфиати ҷомеа хоҳанд буд.

  -Донистан мехоҳам, ки натиҷаи қадамҳои нахустин ба сиёсат чӣ шуд? Чун мо маълумот дорем, шиорҳои пешазинтихоботиатонро ҳам дида будем, ки дар Интихоботи парлумонии соли 2015 Шумо яке аз номзадҳои ҷавонтарин ба вакили халқӣ будед? Барои ѓолибият хеле кушидед ҳа, ба фикрам?

— Бале дуруст. Соли 2015 номзадии худро ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ аз ҳавзаи интихоботии Истиқлол № 4 пешбарӣ карда будам. Натиҷаи ҷаҳду талошам хуб буд. Натиҷаи қадамҳои нахустин ба сиёсат хуб буд, вале ….

Вале чӣ?

-Бояд бигӯям, ки дар маъракаи пешазинтихоботӣ ягон нафар аз номзадҳои ҳавзаи Истиқлол № 4 бо мардум ҳатто боре ҳам вохӯрӣ нагузаронда, барои бурдани ташвиқоти пешазинтихоботӣ талош ҳам накарда буданд. Лекин ман тибқи қонун ташвиқоти пешазинтихоботӣ бурда, тамоми норасоиҳои ҳавзаро таҳлил карда, барномаи пешазинтихоботиямро мураттаб намудам, ки пурра ба манфиати давлат, ҷомеа ва мардум мебошад. Хулоса, баъди ҷамъбасти натиҷаи пешакии интихобот муайян гашт, ки ман зиёда аз 50 % овози интихобкунандагонро ба даст овардам. Медонед,  барои ман ин интихобот ҳамчун туҳфаи тақдир буд, чун дар ин синни ҷавонӣ ба боварии мардум даромада, тавонистам ба таври қонунӣ овози онҳоро соҳиб гардам. Ҳиссиёти онвақтаро ба Шумо баён карда наметавонам. Аммо 10 рӯз пас Комиссияи ноҳиявии интихоботӣ тамоми ҳуҷҷатҳои интихоботиро сохтакорӣ ва тақаллубӣ намуда, эълон кард, ки гӯё ман 38 %-и овозро ба даст оварда бошам. Агарчӣ миқдори овозҳои гирифтаро соҳиб шудам, вале намедонам барои чӣ раисони комиссияҳои интихоботӣ нисбати ман чунин амали ғайриқонуниро раво диданд?

-Чихел? Баъд дар он ҳавза кӣ вакил шуд? Миқдори овозҳо чӣ қадар буданд?  Хулоса, натиҷаи кор чи шуд?

— Хулоса, ба ҷои ман як нафари барои мардум умуман ношинос Қумриддинов Маъруфаттуло ном шахсро вакил эълон карданд. Дар ҳоле, ки ман-2004 овоз ва Қумриддинов М.С.-1836 овоз ба даст оварда буд. Ман  назар ба ӯ 168 овоз зиёдтар гирифта будам.

                                    
-Баъди чунин муносибат руҳшикаста шудед?

— Албатта аламовар буд. Вақте сидқан баҳри коре камар баста, кӯшиш мекунию ба мақсад мерасӣ, вале туро ноумед мекунанд, албатта, ки барои инсон сахт мерасад. Ҳеҷ гумон надоштам, ки баъди ѓолибият нисбати як ҷавоне, ки барои ободии Ватан талош дорад, ин хел рафтор мекунанд. Аммо бо вуҷуди ин, ман руҳафтода ва дилшикаста нашудам, баръакс бо илҳому неърӯи нав аз болои худ кор кардам, лоиҳа-барномаҳои иҷтимоӣ таҳия намудаам ва боз ҳам рушд кардан мехоҳам. Ана барои ҳамин хуб шуд, ки Соли ҷавонон эълон гардид. Мо ҷавонон дар ҳақиқат ба дастгирӣ ниёз дорем. Вале, боиси таассуф аст, ки дар ҷомеаи мо ҳоло ҳам як ақидаи куҳна, як нигоҳи хато амал мекунад, чун баъзеҳо ба неърӯи ҷавонон боварӣ надоранд. Ё мегӯянд, бояд ҳатман чандин сол кори паст кунӣ ва боз дигару дигар гапҳо. Лекин бузургони мо беҳуда нагуфтаанд, ки бузургӣ ба ақл аст, на ба сол. Хушбахтона, дар кишвари мо ҷавонони соҳибистеъдоду қобилиятнок кам нестанд. Танҳо ба онҳо роҳ кушодаву тарбия кардан даркор.

-Барномаи фаъолияти вакилиятон фарогирандаи кадом бахшҳост?

— Барномаи пешазинтихоботии ман фарогирандаи масоилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии аҳамияти маҳаллӣ дошта мебошад. Нуктаҳои асосии он иборатанд аз ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии аҳолӣ; таклифу пешниҳодот вобаста ба рафъи проблемаҳои доѓи рӯз; арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ; масоилҳои корҳои ҷамъиятӣ, робита бо ҷомеа, роҳу  нақлиёт,  маорифу тандурустӣ, фарҳангу варзиш ва туризм; таҳия ва қабули Консепсияи рушди маҳал; таъсиси Фонди хайриявӣ ва бунёдҳои иқтисодӣ; мусоидат дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, оини неки инсонӣ, ҳувияти миллӣ, меҳру садоқат нисбати халқу Ватан, риояву эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва риояи қонунҳо, тарѓиби тарзи ҳаёти солим, мубориза бо терроризму экстремизм, ташкили ҷамъомадҳои ҳуқуқӣ, гузаронидани вохӯриҳо миёни аҳолӣ ва шахсони масъули давлатӣ; таъсиси Шӯрои фаъолони маҳаллаҳо ва Ҷамоат; ташкил ва гузаронидани озмунҳо, чемпионатҳо, махсусан оид ба футбол; масоилҳои кор бо ҷавонон; ҷалби аҳолӣ ба ҳунармандӣ, корҳои ободонӣ, таъмиргарӣ, кабудизоркунӣ; эҳёи суннатҳои неки миллии тоҷикона ва шарқиёна; таҳияи барномаҳои махсус бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии маҳал; боѓпарварӣ  ва  корҳои  дигари хоҷагидорӣ; милликунонии номи маҳаллу деҳаҳо ва дигар кору фаъолияте, ки ба Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда мухолиф нестанд.

-Агар вакили халқ мешудед, оё барои иҷрои ин барномаҳо муваффақ шуда метавонистед? Яъне ба ваъдаҳо вафо карда метавонистед?

— Албатта метавонистам. Бе вакил будан ҳам кушиш дорам, ки ба ваъдаҳои пешазинтихоботии худ вафо кунам. Чун халқ ба ман бовар карда, овоз дода буд. Овози онҳо маро масъулиятдор кардааст. Комиссияи ҳавзавии интихобот дар байн ба тақаллубкорӣ даст зада, натиҷаро таѓйир доданд.  Ҳангоми бо корҳои ТҶ «Ирам» машѓул буданам, ҳамавақт кӯшиш мекунам, ки ягон хубиям ба ҷамъият ва мардум бирасад ва ҳадафҳоям амалӣ шаванд.

-Бо кадом роҳу усулҳо метавонистед барномаатонро амалӣ кунед? Чун мебинам бо боварӣ дар ин бора ҳарф мезанед.

— Бо тамоми роҳу усул ва воситаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст. Роҳ бисёр аст бародар. Фақат хоҳишу завқ даркор. Дар Ватани мо имкониятҳо ҳаст барои рушд кардан. Худи мардум ҳам бевосита барои амалисозии барнома ёрӣ мерасонанд. Мардум мехоҳанд, ки вакилон бо онҳо кор кунанд. Аз ҳоли  онҳо бохабар бошанд.

Вақте, ки ман бо онҳо суҳбату вохӯриҳо мегузаронидам, бовар кунед, аз суҳбати онҳо илҳоми ман зиёдтар мешуд. Ба хусус, номзади ҷавон гуфта, барояшон аҷиб буд, ки ман чи пешниҳодҳо дорам. Саволу ҷавоб мекардем. Ман фикри онҳо, онҳо фикри маро мефаҳмиданд. Хуллас, вақте вакил бо халқ унс гирад, ҳама корро карда мешавад.

-Шиори пешазинтихоботии Шумо «Ояндасози Ватан ҷавононанд» ном дошт. Ин шиор интихоби худи Шумо аст?

— Бале. Аз оѓоз то анҷоми маъракаи интихоботӣ муаллифи тамоми шиору баромадҳо, барномаҳо ва нақшаҳо худам будам. Қонунгузориро омӯхта, шароиту вазъиятро таҳлил намуда, дар робита бо мардум барномаи пешазинтихоботиамро таҳия кардам. Фикр мекунам, Шумо ҳам бо он розӣ ҳастед, ки дар ҳақиқат ояндасози Ватан ҷавононанд.

Оре! Манучеҳр, Шумо аз интихобот чи бурд кардед ва дар баробари он чиро бохтед?

— Интихобот ба ман таҷриба дод. Аз чанд ҷиҳат обутоб дод. Агарчӣ, натиҷаро баъдан дигар карданд, аммо ман хеле чизро омӯхтам. Дар баробари бохтанам, бурдам низ кам нест. Аз тарафи дигар, аз ҳар шикаст одам қувват мегирифтааст, дарси ибрат меомӯхтааст. Инсон то шикаст нахӯрад, қадри пирӯзӣ ва мувафаққиятро намедонад. Интихобот ба ман роҳ нишон дод. Маро ба сиёсат моил кард. Меҳру садоқатамро ба Ватанам даҳчанд зиёдтар кард.

-Боз ҳам нияти дар Интихобот пешбарӣ намудани номзадиятонро доред?

— Худо хоҳад. Албатта! Вакили мардумӣ будан ва ҳифзу ҳимояи манфиати халқу давлату Ватанҷонам орзуи ман аст. Ҳатман, иншооллоҳ боз иштирок мекунам дар интихобот. Ҳатто ҳар боре, ки аз назди бинои Маҷлиси Олӣ мегузарам, бо умед нигоҳ карда мегӯям, эй бинои сурх, итизорам бош. Ҳатман рӯзе ба даргоҳат ҳамчун вакили мардумӣ ба кор меоям (механдад). Кӯшиш дорам, ки дар интихоботҳои пешазмуҳлат ба ҷои вакилони хориҷшуда низ иштирок кунам.

— Манучеҳр, зиндагии Шумо мисле, ки гуногунпаҳлӯ ба назар мерасад. Ҳам бо корҳои ҷамъиятӣ машѓулед, ҳам таҳсил, ҳам телевизион, ҳам ворид шудан ба сиёсат, оё —Намедонам чӣ ҷавоб диҳам. … Шумо як чиро қайд накардед, ки пешбурди тафтишоти пешакиро ҳам аллакай омӯхтам. Рости гап, мехоҳам аз уҳдаи ҳама кор бароям. Ҳама соҳаҳоро донам. Дар бораи ҳама чиз ақаллан каме маълумот дошта бошам. Аз ҳар кас як чиз меомӯзам. Мехоҳам инсони барои ҷамъият фоидаовар бошам. Намехоҳам вақтам беҳуда гузарад. Аз сабабе, ки Ватанамро ба Худо бениҳоят дуст медорам. Мехоҳам Тоҷикистон аз ҳама давлатҳо пешрафтатар бошад. Ва дар рушди он ман ҳам мехоҳам агар заррае ҳам бошад, саҳми худро гузорам. Ба ҳамин хотир, таъриф нашавад, сарҳисобамро меёбам. Ногуфта намонад, ки дар таълиму тарбияам саҳми оила ва ҳамаи устодону муаллимонам хеле калон аст, ки ман ба ҳар яки онҳо изҳори сипосу миннатдорӣ баён менамоям.

-Дар бораи корҳоятон ҳамчун роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Ирам» мегуфтед. Дар ояндаи наздик ташкилотатон чи нақшаҳо дорад?       

— Айни замон ташкилот лоиҳаҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ривоҷу равнақ додани ҳунарҳои дастии миллӣ (бофандагӣ, рӯбондӯзӣ, қолинбофии дастӣ), корҳои кишоварзӣ (хоҷагидорӣ, гусфандпарварӣ), рушди зеҳнии ҷавонон ва мубориза бо терроризму экстремизм, дарёфти истеъдодҳо, масоилҳои варзишӣ, сохтани майдончаи варзишии футбол ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ-сиёсии аҳолиро таҳия намуда, барои дар амал татбиқ намудани ин лоиҳаҳо ниёз ба сарпараст ва дастгирӣ дорад. Инчунин, ташкилот ният дорад ҳарчӣ бештар корҳои савобу хайриявиро ба манфиати ниёзмандон анҷом бидиҳад. Мо барои амалигардонии ин ва дигар ҳадафҳоямон талош меварзем. Проблемаи ягона ва асосие, ки дар тули фаъолият ташкилот бо он рубару гаштааст, ин мушкилоти молиявӣ ва набудани сармояи зарурию кофӣ мебошад. Аз ҳамин сабаб мо лоиҳаҳои калонро, ки метавонанд ҷойи корӣ ба вуҷуд биёранд, амалӣ сохта наметавонем. Маҳз ин мушкилот барои рушду нумӯъ кардани ташкилот ва дар сатҳи баланду мувофиқи мақсад ёрӣ расонидан ба аҳолӣ садди роҳ шудааст. Аз ин хотир, ТҶ «Ирам» барои ҳамкорӣ намудан бо дигар ташкилоту ширкатҳо изҳори ҳавасмандӣ менамояд.

—  Барои пешрафти Ватани азизамон Тоҷикистон чи пешниҳодҳо доред?

— Дар Паёми солонаи худ Пешвои миллат иброз карданд, ки «Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд».

Тоҷикистон Ватани ҳамаи мо аст, хонаи мо аст. Барои ҳамин ҳамчун шаҳрванд ҳамаи мо вазифадорем, ки онро обод кунем, созем, пеш барем. Пешниҳодҳо зиёданд. Пушида нест, ки мо тоҷикон дар даврони 25 соли соҳибихтиёрии худ тавонистем, ки истиқлолияти сиёсии худро таъмин кунем. Акнун, ҳамин хел истиқлолияти иқтисодии худро низ мо бояд таъмин намоем. Чунки соҳибихтиёрии сиёсиро пояҳои иқтисодӣ мустаҳкамтар мегардонанд. Бубинед, як буҳрони молиявӣ чи қадар таъсири манфӣ мерасонад ба кишвари мо. Ба иқтисодиёти мо. Фикр мекунам, мо бояд заводу фабрикаҳое созем, ки чандин ҳазор нафарро бо кор таъмин кунад. Коргоҳҳои ҳунармандиро эҳё намоем. Мо бояд коре кунем, ки талаботҳои худамонро бидуни воридот аз хориҷа ҳамаҷониба қонеъ гардонем. Пули мо берун наравад ва дар дохили давлатамон гардиш ёбад. Ворид нею содиротро зиёд кардан ба манфиати мост. Чунин иқдом барои бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ, хусусан ҷавонон бисёр мусоидати хуб менамояд. Сектори хусусӣ боз ҳам ривоҷу равнақ мехоҳад. Андозҳо ва хароҷотҳои гумрукӣ арзонтар карда мешуд, барои фаъолияти хубтари иқтисодӣ ва ба миён овардани ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекард. Барои пурра иҷтимоӣ гардонидани давлат бояд тамоми қишрҳои ҷомеа муттаҳид бошанд. Тамоми равшанфикрон, олимон, чеҳраҳои маъруфи сиёсӣ ва тамоми тоҷикон бояд муттаҳид шаванд. Бояд аз як гиревон сар барорем ва дар якҷоягӣ барномаи рушд тарҳрезӣ намоем. Чунки танҳо дар сурати сарҷамъии пурраи миллат мо бой шуда метавонем. Чораҳои ҳавасмандгардонӣ нисбати ҷавонон дар сатҳи маҳалҳо кам ба назар мерасанд. Дар баъзе минтақаҳо ҷавонон аз таваҷҷуҳи ҳокимияти маҳал, шахсони масъули маҳалҳо умуман бенасибанд. Аз ин рӯ, барои тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандустӣ, хештаншиносӣ, инсондӯстӣ ва ба вуҷуд овардани шуур ва зиракии сиёсии онҳо тадбирҳо андешида, ҷавонони равшанфикрро дарёфт карда, чун чеҳраҳои сиёсии ояндаи Ватан тарбия кардан зарур аст. Барои муборизаи беамон бурдан бо дигар проблемаҳои ҷомеа, хусусан коррупсия, нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, пешгирии касалиҳои сироятовар, ВИЧ-СПИД, пешгирии бадахлоқии ҷавонон, пешгирии ҷинояткорӣ ва дигар проблемаҳои доѓи рӯз тадбирҳои иловагии сари вақтӣ андешиданамон лозим аст. Бояд мақомоти давлатӣ бо мардум доим дар робита бошанд ва чунин системаи созем, ки халқу давлат дар ризомандии ҳамдигар умр ба сар баранд. Нарху навои бозор ва нақлиёт низ танзим мехоҳад. Хубтар мебуд, дар кишвар мақомоти махсуси ваколатдор ҷиҳати танзими нарху наво дар бозор таъсис дода мешуд ва бо роҳҳои сунъӣ баландшавии нархро пешгирӣ мекард. Фаромӯш накунем, ки дар ҷомеа набояд ҳеҷ арзише нодида гирифта шуда ва ё поймол гардад. Хулоса, таклифу пешниҳодҳо хело зиёданд. Фикр мекунам дигар ҳамсолони ман низ пешниҳодҳои аз ин ҳам беҳтар доранд. Танҳо кушишу завқ даркор аст, ки ҳамаамон дар паҳлӯи давлат баҳри рушди ин сарзамин саҳм гузорем.

— Ояндаи Ватанамонро чи гуна мебинед?

— Ояндаро дурахшон мебинам. Ва боварӣ дорам, ки Худо хоҳад Тоҷикистони азизи мо давлати бузург мегардад. Мо бояд ба ин чиз боварӣ дошта бошем. На ин ки миллату давлати худро ҳақир шуморида, гуем, не Тоҷикистон пешравӣ надорад. Пешрафт ҳаст. Агарчӣ проблемаҳоямон ҳам кам нест. Аксарияти проблемаҳои ҷумҳурӣ аз ана ҳамон ҷанги хонумонсуз буд, ки то имрӯз барои бартараф кардани онҳо мо роҳу восита мекобем. Ба воқеият бо чашми хирад назар карданамон даркор. Бояд ба назар гирем, ки омилҳои берунӣ низ ба пешрафти давлати мо таъсири хеле калон мегузорад. Ҳастанд давлатҳое, ки пешравии моро умуман намехоҳанд. Бо ҳар восита ба иқтисоди мо таъсир мерасонанд. Ба корҳои дохилии мо дахолат мекунанд. Бозори тиҷоратии моро соҳиб шуда, моро истифода бурдан мехоҳанд. Мо бояд ин чизҳоро донем. Дарк кунем. Тоҷикистонро фақат тоҷикон сохта метавонанд. Ободии ин Ватанро фақат мо мехоҳем. Ягон каси дигар не.

Вақте як давлати хориҷӣ ба корҳои давлати мо дахолат мекунад, шахсан ба ман бисёр сахт мерасад. Бовар кунед, ҳамчунон асабӣ мешавам. Дар ҳоле, ки медонанд Тоҷикистон кишвари мустақил аст, тобеи касе нест, болои ин ҳам мехоҳанд бо ҳар восита, бо ҳар баҳона ба мо таъсир расонида, мавқеи худашонро баландтар бардоранд. Вазъи ҷаҳони имрӯза торафт мураккаб гашта, бархурди манфиатҳои абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва вобаста ба ин, боз ҳам печидатар гардидани вазъи сиёсии сайёра вусъат ёфта истодааст. Дар чунин шароит албатта давлатдорӣ кардан осон нест. Бо вуҷуди ин ҳама мо бояд ба оянда бо чашми нек назар дошта бошем. Аз Ватан дилсард нашавем. Ҳар мушкилӣ дар пай роҳи ҳал дорад. Мо дар арсаи байналмилалӣ манфиатҳои милливу давлатиамонро бояд ҳамаҷониба ҳимоя карда тавонем. Ҳар яки мо. Ин барои мо қарзи шаҳрвандӣ аст. Миллати мо бояд таҳқирнопазир бошад. Дар куҷое набошем, бояд бо тоҷик буданамон фахр кунем. Шукри Худо камбаѓал нестем. Агарчӣ нефт надорем, вале мо сангҳои қимматбаҳо дорем. Лаълу ёқуту тиллои мо даҳҳо маротиба аз нефту гази онҳо қимматтар арзиш доранд. Сарватҳои табиии Ватани мо кам нест. Дар пеш сохта ба истифода додани ГЭС-и «Роѓун» аст, ки баробари ба истифода додани он иқтисоди кишвар хеле боз пеш меравад. Набояд фаромуш кард, замоне, ки халқи тоҷик давлатдорӣ мекард ва пойтахти тоҷикон шаҳри Бухоро ҳамчун маркази илму фарҳанг маъруф буд, давлатҳои пешқадаму абарқудрати имрӯза умуман арзи вуҷуд надоштанд. Пас, ҳамон асолати пешини худро баргардондан ва барқарор намудану Тоҷикистонро дар ҳама соҳа пешрафта гардондан бар уҳдаи мо ҷавонони ин миллат мебошад.  Аз ин хотир, ҳеҷ гоҳ ноумед набояд бошем. Зеро Тоҷикистони азизи моро дар пеш дастовардҳои бениҳоят пурарзиш интизор аст. Ояндаи ин Ватан дурахшон аст.

-Манучеҳр, фикр мекунам ҳеҷ имкон надорад, ки дар бораи «Истеъдод-дар Тоҷикистон» напурсем. Тақдири ин лоиҳа чи шуд?

— Фаъолияти лоиҳа-озмуни ҷумҳуриявии «Истеъдод-дар Тоҷикистон» мутаассифона боздошта шудааст. Сабабҳои боздошти лоиҳа бисёранд. Яке аз сабабҳои асосии он дарёфт накардани сарпарасти генералӣ ва камбудиҳои молиявӣ мебошанд. Баъзе сабабҳои дигар ҳам ҳаст, аммо ин ҳама муваққатӣ мебошанд. Ин лоиҳаро мо бояд амалӣ созем. Чунки ҳадафи асосии он барои дарёфти истеъдодҳои кишвар равона гардидааст ва чи тавре медонем Тоҷикистон пур аст аз истеъдодҳои кашфношуда. Шояд ба ҳамин наздикиҳо барномаи «Истеъдод» барқарор шавад. Чунки аз Телевизиони Тоҷикистон аллакай пешниҳод карданд, ки имсол лоиҳаро амалӣ кунем. Баъдан ман ба лоиҳаи қаблӣ якчанд таѓйиру иловаҳои нав ворид карда, ба роҳбарияти шабака онро пешниҳод кардам. Яъне, ҳатман ин озмун барқарор ва баргузор мегардад. Кай бошад, инро вақт нишон медиҳад.

 -Нияти оиладоршавӣ надорӣ ҷураҷон?

— Албатта, дар нияту нақшаҳо ҳаст. Аммо аввал мехоҳам карераи хуб созам.

— Фикр мекунам, дар сафи вакилони мардумӣ шомил будани вакилони ҷавон дар боз ҳам баланд бардоштани рӯҳияи Ватандӯстии дигар ҷавонон мусоидат менамояд.

— Ман низ чун дигар ҷавонони кишвар ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз итминон дорам. Дар дунё ҳеҷ кори намешуда нест, танҳо иродаи қавӣ ва боварӣ ба фардои нек, аз ҳама муҳим масъулиятшиносу ватандӯст будан зарур аст. Мо ҷавонон неърӯи пешбарандаем ва мо дар якҷоягӣ метавонем Ватани худро обод намоем.  Ҷаҳду талоши мо низ бо ҳамин мақсад буду ҳаст.
Рустам Азимӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *