Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Фирор аз аскарӣ ва ифтихор аз шиносномаи кишвари бегона

Ба Ҳукумат, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон

 “Ман шаҳрванди Қирғизистонам мегӯяд яке, дигаре паспорти русияшро пеши рӯям мегузорад…

 Яке аз мушкилоти ҷиддии Тоҷикистон ин масъалаи ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар аст, ки гӯё роҳи ҳал шудан надорад ва сол аз сол мушкилтару чигилтар мешавад. Мардум аллакай роҳҳои гуногуни фирор аз хизмати аскариро ёфтаанд ва аз шеваҳои гуногун истифода мебаранд. Яке Русия фирор мекунад, дигаре панҷ сол беҳуда дар донишгоҳ мехонад, чорумӣ оила барпо карда, зуд соҳиби ду кӯдак мешавад, панҷум ҳуҷҷати девонагӣ мегирад…

Аммо шевае ки ҷавонони ноҳияи Лахш (собиқ  Ҷиргатол ) карданд, бесобиқа аст. Бинобар маълумоти ба мо расида, 80 %-и ҷавонони ноҳияи Лахш, ки синнашон ба аскарӣ расидааст, барои саркашӣ аз хизмат, аз шаҳрвандии Тоҷикистон рӯй тофта, шаҳрвандии ҷумҳурии Қирғизистонро гирифтаанд.

Бо гуфти Шаъбон Шарифов,  комиссари ҳарбии ноҳияи Лахш, имсол ҳудуди 1200 ҷавони лахшӣ, ки ба сафи  Қувваҳои Мусаллаҳ  даъват шуданд, мақоми шаҳрвандии Қирғизистонро гирифтаанд. Ба гуфтаи ӯ имрӯз тақрибан 2000 ҷавони синнашон ба хизматрасида дар ин ноҳия шаҳрванди Қирғизистон ҳастанд. Миёни онҳо асосан қирғизҳои Тоҷикистон буда, чандин нафар аз тоҷикони Лахш низ аз шаҳрвандии Тоҷикистон даст кашидаанд ва имрӯз шаҳрванди ҳамсоядавлат мебошанд.

Ба гуфти Шаъбон Шарифов, вақте кормандони комиссариати ҳарбӣ хонаи даъватшавандаҳо даъватнома мебаранд, онҳо шиносномаи шаҳрванди Қирғизистон буданашонро нишон дода, аз хизмат саркашӣ мекунанд: «Ҷамоати Қашшот аҳолияш ҳамааш қирғиз  аст ва шуморааш 2800 нафар аст.  Мо аз миёни ин ҳама, фақат як оиларо пайдо кардем, ки шаҳрванди Тоҷикистон аст ва панҷ писар дораду чор нафарашон дар артиш хизмат кардаанд. Ҷамоатҳое, ки аҳолии қирғиз доранд, қариб ҳамаашон шаҳрвандии Қирғизистонро доранд. Бо микроскоп мекобӣ, шаҳрванди Тоҷикистонро намеёбӣ”, – гуфтааст номбурда.

Ба гуфтаи ӯ, ин сокинон, гарчанде шаҳрвандии Қирғизистонро доранд,  дар сабти ноҳияи Лахш мебошанд, бинобар ин кормандони комиссариати ҳарбӣ ба онҳо даъватнома фиристода, талаби хизмат карданро мекунанд. Ин кори  онҳо ҳатто ба мақомоти Қирғизистон расидааст ва аз он ҷониб ҳушдор додаанд, ки мақомоти Тоҷикистон ба шаҳрвандони Қирғизистон дахолат накунанд.

Дар ҷамоати Лахши ноҳия бошад, бино ба маълумоти Муҳаммадзариф Воҳидов, раиси ҷамоати Лахш, аз 293 нафари синни даъват 141 нафар аллакай шаҳрванди Қирғизистонанд.

Ноҳияи Лахш, ки яке аз ноҳияҳои тобеи марказ аст, даҳ ҷамоат дорад, ки миёни он аксари сокинони Муқсу, Қашшот, Сартало, Лахш, Ялға қирғизнишин буда, аксарашон шаҳрвандони Қирғизистон шудаанд. Аммо ба гуфти иддае аз сокинони Лахш, натанҳо ҷавонони қирғиз, балки тоҷикон низ ба хотири  аз артиш гурехтан шаҳрванди ин кишвар шудаанд.

Коршиносон муътақиданд, ки ин раванд пас аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон шурӯъ шудааст ва далелаш ҳам  саркашии ҷавонон аз ариш аст, аммо иддаи дигар сабаби асосии дигар кардани шаҳрвандиро дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебинанд.

Тайи чанд соли охир муносибати Русия нисбати муҳоҷирони тоҷик бисёр сангин шуда, роҳандозӣ кардани маблағи патент, ки дар як сол 75 ҳазор рубли русиро ташкил медиҳад, будубоши тоҷиконро дар ин кишвар мушкил кардааст. Аммо барои шаҳрвандони Қирғизистон ин гуна низом ҷорӣ нест ва онҳо аз патент, имтиҳон ва дигар маҳдудиятҳо дар Русия озоданд.  Сайвалӣ Саидов, як муҳоҷири тоҷик мегӯяд, ки «Қирғизҳо аз патенту пули патент халосанд. Шахсан ман дар як сол барои патент 75 ҳазори русӣ сарф кардам. Бо хамин маблағи яксола билети ҳарбиро як илоҷ мекунанд» ва сабаби дасткашӣ аз шаҳрвандии Тоҷикистонро на дар артиш, балки дар муҳоҷират медонад. Азимҷон Бадалов, як корбари сомонаи «Фейсбук», низ ба ақиде аст, ки «Сабаби аслиаш дар Русия соҳиби ҷойи кори муносиб шудан аст ва ҳам аз патент озод. Ҳукуматдорони мо агар шартномае бо Русия медоштанд, шояд ҷавонон аз Тоҷикистон рӯ намегардонданд».

Абдуазими Абдуваҳҳоб, рӯзноманигори тоҷик бошад мегӯяд: “Чӣ омиле боис нашуда бошад, ин бадбахтӣ аст. Бадбахтие, ки мақомдорон овардаанд. Чаро як тоҷики Қиргизистон намехоҳад шаҳрвандии Тоҷикистонро гирад? Ё тоҷики Ӯзбекистон?» Номбурда барои ба чунин ҳолат расидан  Вазорати дифои Тоҷикистонро гунаҳгор медонад, ки аз бемасъулиятии ин ниҳод тӯли 25 сол  даъвати ҷавонон ба сафи артиш танзим намешавад.Дар ҳоле, ки дар кишвари Ӯзбекистон барои ба хизмати аскарӣ рафтан талош меварзанд ва навбат меистанд.  Аммо  Маҳмадраҷаби Насрулло, як сокини шаҳри Душанбе,  ба андешае аст, ки даст кашидан аз шаҳрвандии Тоҷикистон барои фирор аз артиш на бо гуноҳи Вазорати мудофиа, балки аз беномусии ҷавонон маншаъ мегирад. Сайёфи Мизроб, сардабири ҳафтаномаи «СССР» ва рӯзноманигори тоҷик,  дастгоҳи идеологиро гунаҳкори асосӣ медонад. Шояд дуруст, аммо чи гуна метавон бо сухан ҷавононро соҳиби замину хона сохт, ё сабукие барои дохил шудан ба донишкадаҳои олӣ дод. Чунон ки ин корро Кумитаи амнияти миллӣ нисбати сарҳадбонон мекунад ва хуб хизматкардагонро бо тариқи сӯҳбат шомили донишкадаи хеш месозад.

Ҳоло мувофиқ  ба оморҳои ғайрирасмӣ,  теъдоди умумии сокинони Лахш, ки шаҳрвандии Қирғизистонро дарёфт намудаанд ба 20 ҳазор нафар мерасад.

Бино ба маълумоте ки дар даст дорем, гирифтани мақоми шаҳрвандӣ дар Қирғизистон сангин набуда, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бо додани як миқдор пул, чун пора ин масъаларо ҳал кунанд. Чун Қирғизистон низ мисли Тоҷикистон, як кишвари ғӯтида дар фасод (коррупсия) аст ва роҳҳои баромадан аз ин мушкилиро меҷӯяд.

Пас аз он ки шаҳрванди Қирғизистон шуданд, шаҳрвандон бинобар дар қайди Тоҷикистон будан, бо пардохти 175 сомонӣ барои як сол ба Тоҷикистон озодона дар ҷумҳурии мо кору фаъолият мекунанд. Аммо то ҳол касе бонги изтироб назадааст, ки ин раванд чаро мудаввом аст? Оё ҳукумати Тоҷикистон бо ин шаҳрвандони ҳамсоякишвар, ки ин ҷо мустақар ҳастанд, мисли шаҳрвандони хориҷӣ рафтор мекунад ё…? Дар андозбандӣ, таҳсил онҳо чун шаҳрвандони хориҷӣ ҳастанд?

Бигзор   дар сурати даст ба ҷиноят задани онҳо ба муҳлати панҷ солу даҳ сол депорт карда шаванд. Барои таҳсил дар макотиби олӣ ва миёна, роҳандозии тиҷорат ҳам ба онҳо чун шаҳрвандони хориҷӣ муносибат шуда, андозбандӣ карда   шавад.

Аммо бо вуҷуди ин масъалаи ҷалби ҷавонон ба артиш мавзӯе аст, ки бояд роҳи ҳалли он пайдо карда шавад, зеро имрӯз рафтан ба сафи артиш баробар ба сафари «он дунё» шудааст. Дастгоҳи идеологӣ ҳам бояд дар ин самт кор гирад, вагарна баъди 20 сол Тоҷикистон сарзамини шаҳрвандҳои хориҷӣ мешавад, чун ғайр аз Қирғизистон шумори сокиноне, ки шаҳрванди Русия ва давлатҳои аврупоиро мегиранд, рӯз аз рӯз меафзояд…

Муфассал дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мутолиа намоед!

Одили Нозир

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.