Ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин дар фазои Тоҷикистон

Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон соҳиби чаҳор ҳавопаймои ҷадиди бидуни сарнишини тамғаи “Орлан-10” шуд.

Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон соҳиби чаҳор ҳавопаймои ҷадиди бидуни сарнишини тамғаи “Орлан-10” шуд.

Бино  ба маълумоти маркази матбуоти Округи низомии марказии Русия, ин ҳавопаймоҳои ҷадид 10 килограмм вазн дошта ва тӯли парвозашон 120 километрро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин, ин дастгоҳи ҳавоӣ метавонад ҳудуди 15 соат беист парвоз кунад.

“Ҳавопаймои бидуни сарнишин дорои дастгоҳҳои аккосӣ ва сабти видео буда, онҳо дар иктишофи (разведка) ҳавоӣ ва кашфи ҳадафҳо истифода мешаванд. Ин дастгоҳҳои ҷадид имконоти неруҳои заминӣ ва артилериро бештар хоҳанд кард”-омадааст дар изҳороти Округи низомии марказии Русия.

Ин ҳавопаймоҳо дар ҳама гуна ҳаво парвоз карда ва фаъолияти онҳоро 30 оператор танзим хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *