Ҳавопаймои АН-2 ба садама дучор шуд

Ҳавопаймои таълимии АН-2, ки ба Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Тоҷикистон мутааллиқ буд, дар маркази таълимии “Фахробод” дучори садама шуд.

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин ҳавопаймо дар маркази таълимии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон машқҳои нақшавиро анҷом медод. Соати 10.40-и рӯзи 4 август суқут кард.

Бар асари садама лейтенанти калон Бахтиёр Давлатов, сарнишини ҳавопаймо захмӣ шуда ва дар бемористони ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон бистарӣ шудааст.

Сарнишини дигари ҳавопаймо Илҳом Раҳматов, сокини шаҳри Душанбе дар беморхонаи мазкур вафот кард.

Ҳавопаймо 8 нафар шаҳрвандони хоҳишмандро пас аз гузаштани машқҳои таълимӣ ва ташхиси тиббӣ ба баландии 800 метр ба ҳаво бароварда, онҳоро бо истифода аз парашют ба замин мепартояд. Зимни нишаст тахминан дар масофаи 10 метр аз замин ҳавопаймо бо сабабҳои техникӣ дучори фуруди сахт гардида ба замин бархурд.

Нисбати суқути ҳавопаймо аз ҷониби раёсати тафтишотии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тибқи қонун ҳаракатҳои тафтишотӣ гузаронида мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *