Аврупо: Се тоҷикро бо 20 кило героин дастгир карданд

Пулиси Литва аз анҷоми тафтиши парвандаи як гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон бо иттиҳоми қочоқи беш аз 20 кило маводи мухаддири навъи героин хабар дод. Ба се тоҷики боздоштшуда аз 10 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Пулиси Литва мегӯяд, парвандаи шабакаи қочоқбарони маводи мухаддирро барои муҳокима ба дасти додгоҳ супурдааст. Ба гуфтаи пулис, се шаҳрванди Тоҷикистон бо беш аз 20 кило героин ҳанӯз тобистони соли 2016 боздошт шуданд.

Ба гуфтаи дафтари матбуоти департаменти пулиси миллии Литва, ҳангоми таҳқиқи қазияи сокинони як деҳаи лӯлиҳо дар пойтахти ин кишвар, шаҳри Вилнюс, ки ба фурӯши маводи мухаддир гумонбар мешуданд, маълум шудааст, ки онҳоро бо героин як сокини Осиёи Марказӣ, ки пайваста ба шаҳри Каунас омаду рафт дошт, таъмин мекунад. Таҳқиқоти баъдӣ муайян кард, ки ин мард 35-сола буда, шаҳрванди ҳам Тоҷикистону ҳам Русия мебошад.

Пулис дар моҳи июни соли 2016 дар атрофи ин деҳаи лӯлиён афроди худро барои назорат гузошт, то қочоқбарро бо далели шайъӣ дастгир кунад.

Ин марди зодаи Тоҷикистон як рӯз омада, дар зери як аломати роҳ дар канори деҳаи лӯлиён бастаеро пинҳон кардааст. Баъди рафтани ӯ нозирони пулис ин бастаро тафтиш карда, диданд, ки дар дохилаш қариб як кило героин аст.

Пулис ба таъқиби се шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ин кор шарик будаанд, пардохта, онҳоро дар шоҳроҳи Вилнюс – Каунас дастгир кард.

Дар ҷараёни кофтукоби боз ду мошини дигари онҳо дар ҳавлии манзиле, ки ин шаҳрвандони Тоҷикистон дар кӯчаи Куршюи шаҳри Каунас ба сар мебурданд, аз як мошин қариб 8 кило ва аз мошини дуюм боз 11 кило героин ёфт шудааст.

Пулис мегӯяд, ин беш аз 20 кило героине, ки аз аъзои ин шабака мусодира шуд, дар бозори сиёҳ 1 миллиону 200 ҳазор доллар нарх дорад. Пулиси Литва мӯътақид аст, ки бо боздошти ин се нафар як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба ин кишвари узви Иттиҳодияи Аврупоро аз байн бурдааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *